Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»

Май 25, 2026 11:04

ДУШАНБЕ, 25.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти маҳбубият ва оммавияти худ футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст. Ин матлабро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол баён намуданд.

Ба таъкиди Сарвари давлат, боиси ифтихори мост, ки Рӯзи футбол маҳз бо ташаббуси Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Ин иқдоми муҳим на танҳо нуфузи ҷумҳурии моро дар арсаи варзиши байналмилалӣ тақвияти бештар бахшид, балки саҳми Тоҷикистонро дар рушди арзишҳои умумибашарӣ, аз қабили сулҳ, ҳамбастагӣ ва ҳамкории созанда боз ҳам намоён сохт.

«Ҳанӯз соли 1992 Федератсияи футболи Тоҷикистон таъсис ёфта, ҷумҳурии мо ба узвияти Федератсияи байналмилалии футбол ва Конфедератсияи футболи Осиё қабул карда шуд. Бояд гуфт, ки рушди инфрасохтори варзиш, бунёди варзишгоҳҳои муосир, таъсиси мактабҳои махсуси футбол ва ҷалби насли наврас ба ин намуди варзиш гувоҳи сиёсати пайгиронаи давлат дар самти тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш мебошад», — иброз доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Май 25, 2026 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд