Форуми «Сармоягузорӣ ба илм ва навоварии ҷавонон: Назари минтақавии форуми ҷаҳонии озуқаворӣ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 11.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Форуми «Сармоягузорӣ ба илм ва навоварии ҷавонон: Назари минтақавии форуми ҷаҳонии озуқаворӣ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ» баргузор шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин чорабинӣ.
Дар оғози форум директори генералии ФАО Тсю Донгюй иброз намуд, ки чорабинӣ имкон фароҳам меорад, ки ҷавонон бо истифода аз донишҳои илмӣ ва технологияҳои нав дар рушди кишоварзии устувор саҳм гузоранд. Инчунин мақсад аз баргузории ин форум муттаҳид кардани ҷавонон аз кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ барои мубодилаи таҷриба, таҳияи лоиҳаҳои муштарак ва пешниҳоди таклифҳо ба сиёсатмадорон мебошад.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода афзуд, ки имрӯз ҷаҳон бо таҳдидҳои глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва маҳдудияти захираҳо рӯ ба рӯ мебошад ва мо беш аз ҳарвақта ба неруи зеҳнии ҷавонон ва дастовардҳои илми муосир ниёз дорем.
Изҳор гардид, ки сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бар он поягузорӣ шудааст, ки ҷавонон — созандагони имрӯзу ояндаи Ватан ва илм — калиди расидан ба ҳадафи стратегии мо, яъне амнияти озуқаворӣ мебошанд.
«Мо боварии комил дорем, ки кишоварзии муосир бояд на танҳо соҳаи меҳнати ҷисмонӣ, балки майдони инноватсия, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ бошад. Иштироки олимони пешбари ФАО ва Маркази муштараки ФАО/МАГАТЭ имконият медиҳад, ки донишҳои назариявӣ ба амалияи саҳроӣ пайваст гардад», — изҳор дошт Қурбон Ҳакимзода.
Вазири кишоварзии Тоҷикистон аз иштирокчиён даъват намуд, ки дар муколамаи стратегии имрӯза фаъол бошанд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ оғоз гардид. Конфронс то 15 май идома ёфта, беш аз 550 иштирокчиро аз 54 давлати аъзо ва кишварҳои нозир, инчунин намояндагони тақрибан 20 созмони байналмилалӣ ва минтақавиро муттаҳид менамояд.
Баъди Форуми «Сармоягузорӣ ба оянда: Дурнамои минтақавӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ» дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, имрӯз дар «Кохи Сомон» намоишгоҳи илм ва инноватсия ва ифтитоҳи расмии конфронс баргузор карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки 12 май дар «Кохи Сомон» барномаҳои шарикӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ-модели ҳамкории минтақавӣ ва табодули дониш муаррифӣ мегарданд. Дар ҳамин рӯз ҷаласаи якҷоя ба хотири устуворӣ-ҳамгироии тадбирҳои мубориза бо тағйирёбии иқлим, ҳифзи гуногунии биологӣ ва барқарорсозии замин ба манфиати таъсиси системаҳои устувории агроозуқаворӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, таъсиси системаҳои агроозуқавории тобовар ба таъсироти берунӣ доир карда мешаванд.
13 май дар «Кохи Сомон» ҷаласаи робитаи байни захираҳои обӣ, энергетика, озуқаворӣ ва экосистемаҳо дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, дурнамои стратегии минтақавӣ ва таҳлили дурнамо, натиҷаҳои минтақавӣ, афзалият ва ҳадафҳо дар соҳаи рушди устувор, чорабинии стратегияҳои рақамии дигаргунсозии системаҳои агроозуқаворӣ ва чорабинии шарикии бисёрҷонибаи ҷаҳонӣ дар соҳаи биоиқтисод доир мегарданд.
14 май дар «Кохи Сомон» чорабинии мувозӣ: маблағҳои сармоягузорӣ: роҳ аз идеяи лоиҳа то ҷалби маблағгузорӣ, амалисозии тадбирҳо барои ҳифзи гуногунии биологӣ, Соли байналмилалии занони деҳқон – 2026. Тавсеи ҳуқуқу имконоти занони деҳқон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ гузаронида мешавад. Инчунин 14 май дар «Кохи Сомон» муҳлат ва макони баргузории чорабинии навбатӣ тасдиқ карда мешавад.
Тибқи иттилои масъулин, 15 май иштирокчиёни конфронс ба дараи Алмосии шаҳри Ҳисор сафар мекунанд.
Ҳадафи асосии Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ фароҳам овардани платформаи расмӣ барои иштирокдорон аз Аврупо ва Осиёи Марказӣ барои муҳокимаи мушкилот, муайян кардани афзалият (рушди устувори озуқаворӣ, рушди деҳот, истифодаи оқилонаи захираҳо) ва андешидани тадбирҳо бобати тағйир додани низомҳои кишоварзӣ ва озуқаворӣ ба хотири ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мебошад.
Конфронси Душанбе танҳо як чорабинӣ, балки оғози як ҳаракати бузурги илмӣ ва иҷтимоӣ дар саросари Аврупо ва Осиёи Марказӣ хоҳад гашт.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (акс),
АМИТ «Ховар»








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






