ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 29.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи июн дар майдонаш ду бозии дӯстона баргузор мекунад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ҳарифи дастаи мунтахаби Тоҷикистон тими яккачини Ҳиндустон аст, ки дар Ҷоми миллатҳои CAFA-и охир соҳиби медалҳои биринҷӣ гардидааст.
Бозии аввал 5 июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, бозии дуюм 9 июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир мегардад. Ҳарду рақобат соати 20:00 оғоз мешавад.
Бозиҳои дарпешистода нахустин вохӯриҳои Игор Ангеловский дар мақоми сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон хоҳанд буд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






