Иқтидори кишоварзии Тоҷикистон дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии ФАО дар Душанбе муаррифӣ карда шуд

Май 11, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 11.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташкили намоишгоҳ дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дастовардҳои кишоварзии Тоҷикистон ва ҳамкории кишвар бо ин ташкилот муаррифӣ карда шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар». Дар

Дар намоишгоҳ иқтидори кишоварзӣ, обию энергетикӣ, сайёҳӣ, ҷангал, натиҷаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ташкилот ва дастовардҳои инноватсионию рақамикунонии соҳаи кишоварзии мамлакат ба намоиш гузошта шуд.

Директори генералии ФАО Тсюй Дунъюй зимни боздид аз намоишгоҳ ба иқтидори соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва ҳамкории он бо ФАО баҳои баланд дод.

Хусусан дар намоишгоҳ расму мусаввараҳои марбут ба комёбиҳои соҳаи кишоварзии мамлакат, аз ҷумла, ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ»– «GIAHS» —Globally Important Agriculture Heritage System ворид гардидани дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ, ки намунаи барҷастаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони озуқаворӣ вакишоварзии Созмони Милали Муттаҳид арзёбӣ мегардад, таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ҷалб намуд.

Инчунин намоиши навъҳои гуногуни растанию зироати кишоварзӣ, меваю сабзавот, соҳаи чорводорию занбурпарварӣ, ки дар намоишгоҳ ба маърази тамошо гузошта шуда буданд, бозгӯи иқтидори бузурги соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ гардид.

Бояд тазаккур дод, ки аз 11 то 15 май Душанбе мизбони Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад. Баррасии масъалаҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва рушди минтақаҳои деҳот аз ҳадафҳои асосии конфронс мебошад. Дар ҷаласа ҳамзамон таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи табдили низоми агроозуқаворӣ дар шароити тағйирёбии иқлим, буҳронҳои иқтисодӣ ва афзоиши хатарҳои ҷаҳонӣ равона мегардад.

 

Марзия САИДЗОДА,
Тоҳирҷон САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Май 11, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд