Имрӯз дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ муколаимаи инвеститсионӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 11.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ муколамаи инвеститсионӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар он ҳайатҳо ва намояндагони 54 давлати аъзои ФАО, роҳбарони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки иштирокчиёни конфронс на танҳо барои баррасии масъалаҳои муҳим ҷамъ шудаанд, балки барои он ба ҳам омадаанд, ки дар ояндаи амнияти озуқаворӣ саҳм гузоранд.
«Тоҷикистон кишвари дорои сарватҳои фаровони табиию кишоварзӣ буда, таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амнияти озуқаворӣ дар мамлакат ҳамеша дар мадди аввал гузошта шудааст», — иброз намуд муовини Сарвазир.
Таъкид гардид, ки маҳз дар ҳамин замина иқтидори бузурги кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун як «сабади нони минтақавӣ» ва эҳтимолан ҷаҳонӣ амалӣ мегардад. Тоҷикистон дорои сарватҳои нодири табиӣ: замини ҳосилхез, захираҳои фаровони об ва иқлими мусоид барои руёндан ва парвариши навъҳои гуногуни зироати кишоварзӣ мебошад. Аммо барои пурра кушодани ин иқтидор сиёсати оқилонаи давлатӣ ва сармоягузории мақсаднок зарур аст. Ин, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамкории минтақавӣ дар истеҳсол, коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва таҳияи стандартҳои ягонаи сифат ва бехатариро тақозо менамояд.
Аз ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, бахши хусусӣ ва шарикони ФАО даъват карда шуд, ки кӯшишҳои муштаракро ба самтҳои асосӣ, ки ояндаи минтақаро муайян мекунанд, равона созанд.
Изҳори итминон карда шуд, ки шукуфоии ҳақиқӣ тавассути ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ба даст меояд.
«Амнияти озуқаворӣ дар Осиёи Марказӣ ва Аврупо масъулияти муштарак ва роҳи муштараки мо ба сӯи ояндаи устувор аст», — илова намуд Сулаймон Зиёзода.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ оғоз гардид. Конфронс то 15 май идома ёфта, беш аз 550 иштирокчиро аз 54 давлати аъзо ва кишварҳои нозир, инчунин намояндагони тақрибан 20 созмони байналмилалӣ ва минтақавиро ба ҳам овардааст.
Баъди Форуми «Сармоягузорӣ ба оянда: Дурнамои минтақавӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ» дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, имрӯз дар «Кохи Сомон» намоишгоҳи илм ва инноватсия ва ифтитоҳи расмии конфронс баргузор карда мешавад.
Ҳадафи асосии Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ фароҳам овардани платформаи расмӣ барои иштирокдорон аз Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷиҳати муҳокимаи мушкилот, муайян кардани афзалият (рушди устувори озуқаворӣ, рушди деҳот, истифодаи оқилонаи захираҳо) ва андешидани тадбирҳо бобати тағйир додани низомҳои кишоварзӣ ва озуқаворӣ ба хотири ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор мебошад.
Конфронси Душанбе танҳо чорабинӣ набуда, балки оғози як ҳаракати бузурги илмӣ ва иҷтимоӣ дар саросари Аврупо ва Осиёи Марказӣ хоҳад гашт.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»











Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






