Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии котибони шуроҳои амният дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд

Май 27, 2026 23:00

ДУШАНБЕ, 27.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 май дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Вохӯрии котибони шуроҳои амният дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» баргузор гардид, ки дар он Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокчиён оид ба масъалаҳои таъмини амният ва субот дар минтақа мубодилаи афкор намуда, вазъ ва дурнамои ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Федератсияи Русия, инчунин тадбирҳои таҳкими ҳамоҳангсозӣ дар шароити таҳдиду чолишҳои муосирро баррасӣ карданд.

Таъкид гардид, ки қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» дар рушди муколамаи созанда ва таҳияи равишҳои ҳамоҳангшуда оид ба масъалаҳои калидии рӯзномаи минтақавӣ нақши муҳим дорад.

Иштирокчиён ба натиҷаҳои Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ – Русия», ки 9 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Аҳамияти ҳуҷҷатҳои қабулшуда аз рӯи натиҷаҳои саммит, аз ҷумла Нақшаи амалҳои муштарак барои солҳои 2025–2027, ки ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои амният, иқтисод, нақлиёт, рақамикунонӣ ва энергетикаи «сабз» равона гардидааст, таъкид шуд.

Дар доираи ҷаласа масъалаҳои муқовимат бо терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин таҳдидҳо дар соҳаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ баррасӣ гардиданд.

Юсуф Раҳмон зимни суханронӣ иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ҷонибдори таҳкими фазои эътимод, ҳамсоягии нек ва вокуниши муштарак ба таҳдидҳои муосир мебошад. Таъкид гардид, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими амнияти миллӣ ва минтақавӣ, рушди ҳамкории байналмилалӣ ва тақвияти иқтидори сохторҳои соҳавӣ тадбирҳои ҳамаҷониба амалӣ мегарданд.

Аз рӯи натиҷаҳои Вохӯрӣ иштирокчиён ҳавасмандии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» ва идомаи ҳамкории амалӣ оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак тасдиқ намуданд.

Май 27, 2026 23:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст