Мадина Қурбонзода: «Бо роҳнамоиҳои Пешвои миллат тавонистам дар мусобиқоти сатҳи баланд Парчами давлатиро парафшон созам»
ДУШАНБЕ, 23.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ҷавонон неруи созанда маҳсуб шуда, мавриди дастгирии пайвастаи Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Онҳо бо донишу маҳорати арзанда дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ Парчами давлатиро баланд мебардоранд. Яке аз ҷавонони муваффақ, ки чанде қабл дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо сазовори медали биринҷӣ гардид, Мадина Қурбонзода мебошад.
Давоми ду сол зиёда аз 10 медал
Мадина Қурбонзода яке аз ҷавондухтарони фаъол дар риштаи варзиши ҷудо буда, ғолиби чандин мусобиқа ва чемпионати байналмилалӣ аст. Мадина бо ифтихори бузург Парчами Тоҷикистонро дар майдонҳои варзишӣ парафшон мекунад. Танҳо давоми ду соли охир тавонист дар чемпионат ва мусобиқаҳои байналмилалӣ зиёда аз 10 медал ба даст орад.
Дастгирии давлат ва дастоварди варзишӣ
Тавре Мадина Қурбонзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ӯ аз синни хурдӣ ба варзиш майл дошта, бо меҳнати пайваста, сабр ва ирода дар риштаи ҷудо машқу тамрин менамуд. Ба андешаи Мадина, барои пешрафти варзишгар, пеш аз ҳама, дастгирии давлат ва боварии ҷомеа муҳим аст. «Вақте ҷавонон эҳсос мекунанд, ки пуштибон доранд ва аз ҷониби давлат дастгирӣ меёбанд, бо илҳоми бештар кор карда, ба комёбиҳои калон ноил мешаванд. Бо дуои падарона ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистам дар мусобиқаҳои сатҳи баланд ҳунарнамоӣ кунам ва Парчами давлатиро парафшон созам»,-изҳор медорад Мадина Қурбонзода.
Мадина ба ҷавондухтароне, ки мехоҳанд ба варзиш машғул шаванд, тавсия медиҳад, ки пеш аз ҳама, бояд ба худ бовар дошта бошанд. Аз роҳи пешакардаи худ наҳаросанд, зеро бо ҷаҳду талош, меҳнат, сабр ва иродаи қавӣ ба қуллаҳои мақсуд мерасанд.
Мадина Қурбонзода ҳоло донишҷӯи бахши якуми факултети идораи давлат ва ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, нақша дорад, ки бо натиҷаҳои беҳтар Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.
«Мехоҳам ҳамчун қаҳрамон Парчами Тоҷикистони азизамро дар майдони Бозиҳои олимпии 2028 дар Амрико парафшон созам. Таҷрибаи бадастовардаамро ба насли ҷавони ҷудокорон омӯзонам, то онҳо зудтар рушд кунанд ва Парчами давлатиро боз ҳам баландтар бардоранд. Ман бисёр мехоҳам, ки волидон духтарони худро ба варзиш, тамрин ва солим будан ташвиқ кунанд. Ман кӯшиш мекунам ғолиб шавам ва умедворам, ки ин дигар духтаронро низ таҳрик медиҳад».
Воқеан, ҷавонон-варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ пайваста иштирок намуда, бо сазовор гардидан ба ҷойҳои ифтихорӣ нуфузу эътибори сарзамини соҳибистиқлоламонро баланд бардошта, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.
Тавре мураббии Мадина Қурбонзода — Муртазо Носиров иброз намуд, ӯ нахустин медали тиллояшро 8 апрели 2023 дар мусобиқаи Ҷоми Президенти Узбекистон дар шаҳри Қаршӣ дар байни наврасони соли таваллуди 2006-2008 ба даст оварда буд. Дар он мусобиқа Мадина бо вазни 48 кг ба майдони сабқат баромада, 4 рақибро шикаст дод.
Мадина Қурбонзода дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ таваллуд шуда, ба воя расидааст. Ӯ аз 5-солагӣ ба гӯштингирӣ шавқу рағбат пайдо намуд. Падараш Рустам Қурбонов, ки аввалин мураббии Мадина мебошад, ба ӯ усулҳои гӯштингириро ёд додааст.
Мадина Қурбонзода — барандаи ҷоизаҳои байналмилалӣ
Мадина барандаи ҷоизаҳо аз мусобиқаи гӯштин дар Ҷоми Аврупо байни наврасон дар Анталия, соҳиби ҷойи сеюм дар вазни 52кг (08.03.2025), Ҷоми Аврупо байни наврасон дар Тблиси, ҷойи сеюм (12.04.2025), Гранд слами Душанбе байни калонсолон, ҷойи сеюм дар вазни 52кг (04.05.2025), Ҷоми Осиё байни наврасон дар Тошканд, ҷойи якум дар вазни 52кг (22.05.2025), Ҷоми Осиё байни ҷавонон дар Тошканд, ҷойи дуюм дар вазни 52кг (24.05.2025), Чемпионати Осиё байни наврасон дар Индонезия, ҷойи якум дар вазни 52кг (11.09.2025), Чемпионати Осиё байни ҷавонон, ҷойи сеюм дар вазни 52кг (13.09.2025), Бозиҳои исломӣ байни калонсолон дар Риёзи Арабистон, ҷойи дуюм дар вазни 52кг (08.11.2025), Ҷоми Осиё байни наврасон дар Душанбе, ҷойи якум дар вазни 52кг (20.11.2025), Чемпионати Осиё байни калонсолон, ҷойи сеюм дар вазни 52кг ва дигар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Мадина бо дастовардҳояш собит намуд, ки ҷавондухтари тоҷик бо азму иродаи матин метавонад дар паҳлуи беҳтарин варзишгарони ҷаҳон истода, ифтихори миллат гардад. Иштироки ӯ дар ин мусобиқаҳо гувоҳи он аст, ки тамоми ҷавондухтарони тоҷик бо меҳнату садоқат ва иродаи шикастнопазир метавонанд дилхоҳ қулларо фатҳ намоянд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ модели муосири мактаби миллӣ ташаккул ёфт
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии якуми санҷишӣ бар дастаи Лубнон пирӯз шуд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол барои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муайян шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бо дастаи Лубнон бозии санҷишӣ баргузор мекунад
Самбочиёни Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Москва соҳиби ду медали биринҷӣ шуданд






