Мустафо, Абдулло ва Шарифҷон шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Муъминободро соҳиб шуданд

Май 15, 2026 13:22

ДУШАНБЕ, 15.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ соҳибкорони ватандӯсти деҳаи Тутои ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дар сатҳи баланд мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ)-ро бо ҳузури беш аз 8 ҳазор мухлис ва ҳаводорони варзиш баргузор намуданд.

Дар мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Ҷамоати деҳоти Тутои ноҳияи Муъминобод паҳлавонон давоми беш аз 5 соат бо ҳам рақобат намуданд. Дар мусобиқа паҳлавонони тоҷик Шарифҷон Назриев, Фирдавс Насимов, Ғазалшои Давлатшо, Суҳроб Муҳаммадов, Саидмумин Шоҳмаҳмадов, Абубакри Акобир, Абдуллоҳи Ориф, Тучибек Шарифов, Ҳайдари Саидкабирзода, Саидраҳмон Қодиров, Рустам Хоҷаев, Ҷумъахон Ёрматов ва дигарон нисбат ба ҳарифонашон маҳорати арзанда нишон дода, ҷоизаҳои олиро сазовор гардиданд.

Шоҳҷоизаи якуми мусобиқаро паҳлавон аз шаҳри Кӯлоб Мустафои Абдулфайз ва Шоҳҷоизаи дуюмро Шарифҷон Назриев аз шаҳри Кӯлоб соҳиб шуданд.

Шоҳҷоизаи сеюм-электромобилро паҳлавони шинохта, дорандаи медали тиллои Мусобиқаи байналмилалии «Grand Slami Tashkent» — 2026 оид ба гӯштини ҷудо аз шаҳри Кӯлоб Абдуллои Ориф соҳиб гардид.

Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 15, 2026 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд