Нақши Рустами Эмомалӣ дар таҷлили рӯзи ҷаҳонии футбол

Май 24, 2026 09:30

ДУШАНБЕ, 24.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» (бо ворид намудани илова аз 13 ноябри соли 2024) дар Тоҷикистон 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил карда мешавад.

— Дар замони муосир футбол яке аз навъҳои рушдёфтаи варзиш дар байни халқу миллатҳои мухталифи олам маҳсуб мешавад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 майи соли 2025 дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол иброз намуданд, «футбол на танҳо яке аз намудҳои маъруф ва густаришёфтаи варзиш дар байни халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон аст, балки яке аз василаҳои муҳимми солимгардонӣ, рушди ҷисмониву равонӣ ва таҳкими руҳияи инсондӯстию ҳамбастагӣ дар ҷомеа ба ҳисоб меравад».

Мавриди тазаккур аст, ки нақши Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол бағоят бузург мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки Рустами Эмомалӣ 9 феврали соли 2024 ​ дар муроҷиати худ ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуда буданд, ки нақши футболро дар сатҳи ҷаҳон эътироф карда, дар Созмони Милали Муттаҳид аз тариқи қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи ҷаҳонии футбол расман эълон карда шавад.

Дар натиҷа, 7 майи соли 2024 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаи 80-уми пленарии иҷлосияи 78-ум пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалиро доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол ҷонибдорӣ карда, оид ба он қатъномаи A/RES/78/281 қабул намуд. Дар қатънома аҳаммияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз баргузор кардани чорабиниҳои бузурги варзишӣ, ки онҳо хусусияти муттаҳидкунанда ва мусолиматомез доранд, таъкид карда шудааст.

Зимнан, Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор даъват ба амал овард, ки Рӯзи ҷаҳонии футболро мутобиқи афзалияти миллӣ ба таври мувофиқ таҷлил кунанд ва афзалияти футболро барои ҳама, минҷумла дар доираи чорабиниҳои тарбиявию оммавӣ тарғиб намоянд.

Дарвоқеъ, боиси ифтихору сарафрозӣ аст, ки бо ташаббуси Тоҷикистони соҳибистиқлол 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол аз тарафи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид муайяну муқаррар карда шуд.

22 майи соли 2025 Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар маросими таърихии нахустин таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк доир шуд, иштирок ва бо забони ширину шевои тоҷикӣ суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ иброз гардид, ки 25 май аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эътироф карда шуда, арзишҳои меҳварии футбол ҳамчун бозии одилона, фаъолияти дастҷамъона эҳтиром ва суботкории ҳамсон бо усулҳои асосии Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошад.

Дар фароварди сухан Рустами Эмомалӣ чунин таъкид ба амал оварданд: «Рӯзи ҷаҳонии футбол ҳар яки моро водор месозад, то аз шодие, ки ин намуди варзиш ба ҳаёти мо меоварад, истиқбол карда, нақши онро дар пешбурди ҳадафҳои Созмони Милали Муттаҳид эътироф намоем. Моро зарур аст, то кафолат диҳем, ки ҳар як кӯдак, новобаста аз он ки дар куҷо зиндагӣ дорад, имкони бозӣ карданро дошта бошад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон омода аст, ки дар ин самт бо ФИФА, Созмони Милали Муттаҳид ва тамоми кишварҳои дӯстдори футбол ҳамкорӣ намояд, то ки ин намуди варзиш беш аз пеш фарогир, дастрас ва илҳомбахш бошад».

Бояд хотирнишон сохт, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод гардида, аз тарафи Маҷлиси Олии Тоҷикистон қабулу ҷонибдорӣ ёфт ва 13 ноябри соли 2024 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст. Ин қонун асосҳои ҳуқуқии таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футболро дар Тоҷикистон муайян намуд.

Ҳамин тавр, бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳар гуна мусобиқаҳо дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа доир мегарданд, ки дар маҷмуъ, ба рушди футболи тоҷик ва пайдо намудани футболбозони наврасу ҷавони соҳибистеъдод мусоидат менамоянд.

Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,
сардори шуъбаи байналмилалӣ, иттилоотӣ, таҳлилӣ ва ташкилии
Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Май 24, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ФОРМУЛАИ СУЛҲИ ТОҶИКОН ИМРӮЗ БА ЯК КОНСЕПСИЯИ ЭЪТИРОФШУДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАБДИЛ ЁФТААСТ. Андешаҳои профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар ин мавзуъ
МАРҲАЛАИ НАВИ ТАҲКИМИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ҳошияи қабул гардидани ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон
Расонидани ёрии аввалин ба бемор метавонад ҷони ӯро аз марг наҷот диҳад
Бо риояи қоидаҳои одӣ худро аз таъсири гармӣ муҳофизат намоед
БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ. Он барои такмили фаъолияти китобхонаҳо ва беҳтар шудани хизматрасонии китобдорӣ замина фароҳам меорад
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026–2030» қабул гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ТАЪСИСИ БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛӢ. Амнияти ҳаракат дар роҳ самти асосии фаъолияти ин мақомот мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барги гелос барои бемориҳои сулфа, диққи нафас ва ҷароҳати гӯш фоидаовар аст
СУЛҲ НЕЪМАТЕСТ, КИ ТАМОМИ МИЛЛАТҲОВУ ДАВЛАТҲО БА ОН НИЁЗ ДОРАНД. Мулоҳизаҳои академик Қобилҷон Хушвахтзода дар ин мавзуъ
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Китобхонаҳо ва марказҳои омӯзишӣ барои рушди зеҳнии хонандагон чӣ имконият фароҳам меоранд?
ҒИЗОИ СОЛИМ. Омили афзоиши бемории диабети қанд истеъмоли ғизои аз ҳад зиёд ва номутаносиб мебошад
ФАРҲАНГИ СУЛҲИ ТОҶИКОН — НАМУНА БАРОИ ҶАҲОНИЁН. Мулоҳизаҳои Раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ дар ин мавзуъ