Намояндаи Тоҷикистон татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаоварро дар ҷаласаи СҲШ муаррифӣ намуд

Май 21, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 21.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон 21 май дар шаҳри Бишкек дар ҷаласаи роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки ваколати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаоварро доранд, иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон хабар доданд, дар ҷаласа диққати асосӣ ба арзёбии вазъи кунунии маводи нашъаовар дар давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, тамоюлҳои муосири рушди таҳдидҳои вобаста ба маводи нашъаовар, инчунин масъалаҳои ҳамоҳангсозии ҳамкории амалӣ байни мақомоти зиддимухаддиротӣ равона гардид.

Ҳамчунин масъалаҳои паҳншавии маводи нашъаовари синтетикӣ, моддаҳои нави психоактивӣ, прекурсорҳо ва моддаҳои кимиёвие, ки барои истеҳсоли ғайриқонунии маводи нашъаовар истифода мешаванд, мавриди баррасии алоҳида қарор гирифтанд.

Сардори Ситоди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Қурбонализода ба иштирокчиён оид ба татбиқи «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030», ки ба такмили механизмҳои пешгирӣ, таҳкими назорат аз болои прекурсорҳо, рушди ҳамкории байналмилалӣ ва таҳкими ҳамоҳангсозии байниидоравӣ равона гардидааст, иттилоъ дод.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ҷонибдори таҳкими механизмҳои дастаҷамъии амният ва густариши ҳамкории амалии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар самти муқовимат ба таҳдидҳои муосири марбут ба маводи нашъаовар мебошад.

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа иштирокчиён лоиҳаҳои Барномаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳамоҳангсозии чораҳо дар мубориза бар зидди паҳншавии маводи нашъаовари синтетикӣ ва прекурсорҳои онҳо то соли 2030, инчунин Барномаи давлатҳои аъзои СҲШ оид ба мубориза бо нашъамандӣ то соли 2030-ро барои пешниҳод ба тасдиқи Шурои сарони давлатҳои аъзои СҲШ мувофиқа намуданд.

Дар ҳошияи чорабинӣ мулоқотҳои кории ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарони мақомоти соҳавии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардиданд, ки зимни онҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ дар соҳаи зиддимухаддиротӣ муҳокима шуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон

Май 21, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд