Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 05.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расиданд. Дар ин давр дастаи футболи КМВА-и шаҳри Душанбе пешсафиро пас аз даври ҳафтум низ идома медиҳад.
Бо бозии дастаҳои футболи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оғоз шуд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуда, бо ҳисоби 4 бар 1 ба фоидаи дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода хотима ёфт. Ягона голи дастаи футболи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисорро Меҳрон Мадаминов ба нишон расонид. Голҳои дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзодаро Абоммо, Шерзод Муҳаммадиев, Амирҷон Сафаров ва Нозим Бобоҷонов ба ҳадаф расониданд. Шерзод Муҳаммадиев аз ҳайати дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода беҳтарин бозингар дониста шуд.
Дар бозии дигари давр дастаи футболи «Парвоз»-и Фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд дар баробари дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо ҳисоби 2 бар 0 зафар ёфт. Дар ин бозӣ дубли Квекудуан Даниел ғалабаи дастаи футболи «Парвоз»-ро таъмин намуд. Квекудуан Даниел аз ҳайати дастаи футболи «Парвоз»-и Фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд беҳтарин бозингари дидор эътироф шуд.
Рустам Хоҷаев бо дастаи футболи «Сардор»-и шаҳри Турсунзода дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» -и шаҳри Хуҷанд дар баробари дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 4 бар 3 мағлуб шуд. Рисқибоев, Самандар Қодиров ва Худойдодов голҳои дастаи «Эсхата»-ро ба нишон расониданд. Голҳои дастаи «Сардор»-ро Азимов, Абубакр Сулаймонов ва Хушвахтов ба ҳадаф расониданд. Самандар Қодиров аз ҳайати дастаи футболи «Эсхата» беҳтарин бозингари вохӯрӣ дониста шуд.
Дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор дастаҳои футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бозӣ карданд. Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи дастаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор анҷом ёфт. Ягона голи бозиро Салоҳиддин Иргашев ба нишон расонида, беҳтарин бозингари дидор эътироф шуд.
Дастаҳои футболи КМВА-и шаҳри Душанбе ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозӣ карданд. Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе хотима ёфт. Комрони Мирзохон ва Вайсиддин Сафаров аз дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе голҳоро ба ҳадаф расониданд. Ягона голи дастаи «Истаравшан»-ро Файзиев ба нишон расонид. Вайсиддин Сафаров аз ҳайати дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе беҳтарин бозингари дидор дониста шуд.
Дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар дастаҳои футболи «Вахш»-и шаҳри Бохтар ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дидор анҷом доданд. Бозии марказии давр бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе хотима ёфт. Рустам Соиров ва Содиқҷон Қурбонов аз ҳайати дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе голҳоро ба нишон расониданд. Рустам Соиров аз ҳайати дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе беҳтарин бозингари дидор эътироф гардид.
Пас аз анҷоми бозиҳои даври ҳафтум дастаи футболи КМВА-и шаҳри Душанбе бо 16 имтиёз дар зинаи аввал аст. Дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 15 имтиёз дар зинаи дуюм, дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо 14 имтиёз дар зинаи сеюм ва дастаи дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо 11 имтиёз чаҳоргонаи беҳтаринҳоро дар ҷадвали мусобиқа пур мекунанд. Дастаҳои футболи «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо 5 имтиёз ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо 3 имтиёз дар озири ҷадвали мусобиқа қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ 8-9 майи соли 2026 дар вазишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд.
«Регар-ТадАЗ» – «Эсхата»
«Ҳосилот» – «Хуҷанд»
9 май | 18:00
«Равшан»– «Истаравшан»
«Парвоз» – «Вахш»
10 май | 18:00
«Сардор» – КМВА
«Истиқлол» – «Барқчӣ»
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид






