ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии мусобиқа бо дастаи Ҷопон бозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 13.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таҳти роҳбарии Далер Каёсов бозии охиринро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 баргузор кард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар даври сеюм дастаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиро мусовӣ – 5:5 кард.
Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) бо касби ҷойи дуюм дар гурӯҳи «А» ба даври чорякниҳоии мусобиқот роҳ ёфта, акнун бо тими Ҷопон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ 15 май баргузор мегардад.
Бояд таъкид намуд, ки бо роҳ ёфтани дастаи наврасони Тоҷикистон ба даври чаҳорякниҳоӣ онҳо соҳиби роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон-2026 байни наврасон гардиданд. Мусобиқа моҳҳои ноябр-декабри соли 2026 дар давлати Қатар баргузор мегардад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд






