Парчамбардорони тоҷик хотираи қаҳрамонони миллатро пос доштанд

Май 21, 2026 15:35

ДУШАНБЕ, 21.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оромгоҳи «Лучоб» маросими поси хотир ва гулчанбаргузории варзишгарон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Дар ин ҳамоиши маърифатию тарбиявӣ варзишгарони маъруф ва ҷавонони фаъол бо ҳисси баланди миллӣ иштирок намуданд. Парчамбардорони саодатманди мамлакат бо гузоштани гулчанбарҳо оромгоҳи бунёдгузорони давлатдории тоҷикон — қаҳрамонони халқи тоҷик Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва маорифпарвар Нисор Муҳаммадро зиёрат карда, ба хотираи неки онҳо эҳтиром гузоштанд.

Иштирокчиёни ҳамоиш таъкид доштанд, ки ин маросими эҳтиром дар пайи иқдоми таърихиву беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки як пораи хоки оромгоҳи ин фарзандони барӯманди миллатро ба Ватан баргардонданд, нишонаи олии садоқати насли ҷавон ба таърихи пурифтихори миллат ва заҳматҳои арзишманди ниёгон мебошад.

Ҳамзамон дар доираи ин ҳамоиш хотираи неки шоирони маҳбуб ва арбобони барҷастаи илму адаб — устодон Лоиқ Шералӣ, Муъмин Қаноат, Бозор Собир ва дигар фарзандони фарзонаи миллат, ки дар ин макони муқаддас орамидаанд, аз ҷониби ҷавонон гиромӣ дошта шуд.

Варзишгарон изҳор доштанд, ки кору пайкори ин шахсиятҳои бузург барои онҳо мактаби ҳаётии худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва ҳифзи соҳибихтиёрии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Ёдовар мешавем, ки 19 май дар оромгоҳи Лучоб  маросими дар оромгоҳҳои алоҳида гузоштани қисмате аз хоки гӯристонҳои шахсиятҳои таърихию ҷонфидои миллат Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва  Нисор Муҳаммад, ки аз шаҳри Москваи Федеретсияи Русия бо иқдоми беназиру таърихии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан оварда шуданд, баргузор гардид.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 21, 2026 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад