Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Май 22, 2026 17:50

22.05.2026, шаҳри Душанбе

Ҷавонони саодатманди кишвар!

Фарзандони азиз!

Ба ҳамаи шумо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.

Ин ҷашнро, ҳамчунин, ба ҳамаи ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил ва кор мекунанд, табрик менамоям.

Имсол мо Рӯзи ҷавононро дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон таърихӣ, яъне 35-солагии истиқлоли давлатии кишварамон ҷашн мегирем.

Воқеан, истиқлолу озодӣ арзишҳои муқаддастарину муҳимтарин ва неъмати беҳтарин барои ҳар як фарди ватандӯсти кишвар, махсусан барои наврасону ҷавонон мебошад.

Дар таърихи 35 соли соҳибистиқлолӣ ва давлатдории навини тоҷикон ҷавонон ҳамчун неруи ташаббускору пешбарандаи ҷомеа нақши басо муассир бозиданд.

Бо ифтихор иброз менамоям, ки ҷавонони кишвар ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар татбиқи сиёсати давлат, рушди иқтисоди миллӣ, пешрафти илму маориф, фарҳанг ва технологияҳои муосир иштироки фаъол доранд.

Онҳо дар афзун гардонидани дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, амнияти ҷомеа ва давлат, таҳкими сулҳу субот ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат саҳми арзишманд гузошта истодаанд.

Яъне имрӯз дар мамлакат соҳае нест, ки ҷавонони мо дар он иштироки фаъол надошта бошанд.

Давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, касбомӯзӣ, варзиш, соҳибкорӣ, яъне ба хотири мавқеи шоиста пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа тадбирҳои зиёдро амалӣ намуда истодааст.

Дар навбати аввал, барои пешбурди муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон заминаи зарурӣ ва муосири меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд.

Аз ҷумла барои наврасону ҷавонон зина ба зина тамоми шароити донишомӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунар муҳайё карда шуд ва ин раванд бомаром идома дорад.

Зеро яке аз роҳҳои пешрафту тараққиёти кишвар тарбияи насли ҷавони босаводу соҳибкасб мебошад.

Қобили зикр аст, ки дар 35 соли соҳибистиқлолӣ қариб як миллион нафар ҷавонони мо муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва 140 ҳазор нафар мактабҳои олии хориҷиро хатм карда, соҳиби касбу ҳунар гардидаанд.

Вале таъкид менамоям, ки бо дарназардошти суръати рушди илму техника ва талаботи замона ин ҳоло ҳам қонеъкунанда нест.

Дар чунин шароит омӯзиши илму донишҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, иқтисоди рақамӣ, технологияҳои иттилоотӣ, хизматрасониҳои электронӣ, барномасозӣ, энергетикаи нав ва соҳибкории инноватсионӣ барои ҷавонон аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.

Ҷавонон бояд донанд, ки рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии кишвар аз сатҳи пешрафти илму техника ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта вобастагии мустақим дорад.

Бинобар ин, ҷавононро зарур аст, ки дар ин марҳала бо иродаи мустаҳкам ба фаъолияти самарабахши илмиву таҳқиқотӣ ва эҷодкориву навоварӣ машғул шаванд.

Ҳамзамон бо ин, дар хотир бояд дошт, ки омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ барои ҷавонон имкониятҳои васеи таҳсил, кор ва ҳамкориро дар сатҳи байналмилалӣ фароҳам месозад.

Касбомӯзӣ ва соҳиб шудан ба ҳунарҳои замонавӣ омили муҳимми таъмин намудани зиндагии шоиста ва расидан ба сатҳи рақобатнокии иқтисодӣ мебошад, ки ҷавонони мо дар ин самт низ бояд ҳарчи бештар талош намоянд.

Ҷавонон, ҳамчунин, бояд бо тафаккури солим ва ҳисси баланди масъулият ба зуҳуроти харобиовар ва таъсири андешаҳои ифротӣ муқовимат намоянд.

Зеро дар ҷаҳони пурҳаводиси кунунӣ танҳо давлатҳое пойдор ва дар муқобили таҳдиду хатарҳои имрӯз устувор мемонанд, ки мардумашон ва махсусан ҷавонони онҳо ватандӯсту огоҳ, босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, ихтироъкору навовар ва сарҷамъу муттаҳид бошанд.

Фарзандони азиз!

Мехоҳам як нуктаи бисёр муҳимро таъкид намоям, ки шумо онро бояд ҳамеша дар хотир дошта бошед.

Мо – тоҷикон миллати ориёинажод, соҳиби таърихи беш аз 6000-сола ва фарҳангиву тамаддунсоз ҳастем.

Мо шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсиро маҳз бо ҳамин мақсад чоп ва ройгон тақсим кардем, ки мардум ва махсусан наврасону ҷавонон аз таърихи гузаштаи худ, яъне аз решаи хеш, аз анъанаҳои ватандӯстиву ватандории худ огоҳ бошанд, аз онҳо ифтихор намоянд ва ба хотири ҳифз кардану таҳким бахшидани онҳо талош намоянд.

Хусусан, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таъсири манфии фарҳангу суннатҳои бегона шумо бояд арзишҳои бунёдии миллӣ – таърих, забон фарҳанг, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллати бостонии тоҷикро омӯзед, донед ва барои ҳифз кардану густариш додани онҳо талош намоед.

Муҳимтар аз ҳама, ба қадри неъмати бебаҳои миллату давлат – истиқлолу озодӣ расед ва тамоми неруи худро барои ҳимояву таҳкими он равона созед.

Чунки маҳз ҳамин неъмати бебаҳо аст, ки моро дар арсаи ҷаҳон мешиносанду эҳтиром менамоянд ва ба тамаддуни қадимаамон арҷ мегузоранд.

Мо наврасону ҷавонони имрӯзаро беҳуда манбаи ташаббусҳои азим, созандагони фардои ободи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва қувваи пешбарандаи ҷомеа нагуфтаем.

Зеро ояндаи дурахшони давлат ва миллат танҳо дар дасти шумо – наврасону ҷавонони бонангу номус, худогоҳу худшинос ва дорои тафаккури муосир аст.

Мо ба ҷавонони худ, яъне насли замони истиқлол, ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо эътимоди комил дорем ва дар пешрафти Тоҷикистон аз ҳама бештар ба онҳо такя мекунем.

Бовар дорем, ки ҷавонони мо барои истиқболи сазовори ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – 35-солагии истиқлоли давлатӣ саҳми арзишманду назарраси худро мегузоранд.

Ҷавонони азиз!

Ман ба шумо муроҷиат карда, бори дигар таъкид менамоям, ки истиқлолу озодиро ҳамчун муқаддастарину азизтарин неъмат барои миллати озодихоҳу сулҳпарвари тоҷик ҳимоя кунед.

Ин Ватани биҳиштосоро сидқан дӯст доред, онро чун сарзамини аҷдодамон барои наслҳои ояндаи миллати куҳанбунёди тоҷик ҳифз намоед.

Дар ҳеҷ ҳолат ба Ватан – модар ва миллати худ хиёнат накунед.

Дар шароити бисёр ҳассосу мураккаби ҷаҳони имрӯза симои маънавии миллати бостонии тоҷикро ҳимоя кунед.

Намунаи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, одоби муошират, ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ бошед.

Эҳтироми падару модар ва калонсолонро ба ҷо оваред ва одобу расму ойинҳои неки миллиро риоя намоед.

Забони модариро покиза нигоҳ доред, зеро забони мо яке аз қадимтарин ва зеботарин забонҳои дунё ба ҳисоб меравад ва ин забони ширину шево ҳастии миллати бостонии тоҷик аст.

Шумо, ки дар фазои ваҳдату субот ва рушди кишвари озодамон камол ёфта истодаед, уҳдадоред, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳифз намуда, бо кору амали созандаи худ онро боз ҳам ободу пешрафта гардонед.

Ҳар як наврасу ҷавон бояд амиқан дарк намояд, ки Тоҷикистон Ватани ӯ, хонаи муқаддаси ӯст ва ободии он аз заҳмат, садоқат ва масъулияти ӯ вобаста мебошад.

Бори дигар ҳамаи шумо – давомдиҳандагони таъриху фарҳанги қадимаи миллати ориёинажоди тоҷикро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, саодати рӯзгор, хушбахтӣ ва дар кору фаъолияти ободгаронаатон ба хотири пешрафти Ватани азизамон барору комёбиҳои боз ҳам бештар орзу менамоям.

Бигзор, ҷавонони Тоҷикистон ҳамеша пешсафи илму маърифат, ҳомии сулҳу субот ва созандаи имрӯзу фардои дурахшони Ватани азизамон бошанд!

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак, фарзандони азиз!

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 22.05.2026

Май 22, 2026 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли САҲА Фаридун Синирлиоғлуро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ иштирок намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом ёфт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби Кумитаи Ҳизби коммунистии Чин дар шаҳри Чонгчин Юан Ҷияҷюн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чонгчини Чин аз корхонаи саноатии «Зонгшен» боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба шаҳри Чонгчини Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин
Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Пекин
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин сарфароз гардонида шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ректори Донишгоҳи Пекин Гун Сихуан мулоқот намуданд