Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
ДУШАНБЕ, 26.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мо ба марҳилаи ҷамъбастии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» наздик мешавем. Зарур аст, ки аз ҳоло дар бораи рӯзномаи ҷаҳонии об баъди соли 2030 андеша намоем. Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки дар «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе оғоз гардид.
Ба таъкиди Пешвои миллат, иқдомҳои Тоҷикистон дар ин ҷода бояд аз дастовардҳои Даҳсола, Рӯзномаи амали об ва таҷрибаи Раванди оби Душанбе маншаъ гирифта, ба ҳалли масъалаҳои рӯзафзуни марбут ба об равона карда шаванд.
«Ёдовар мешавам, ки мо дар пешорӯи баргузории силсилаҳамоишҳои муҳими сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаи об, аз ҷумла Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 ва Саммити Ҳадафҳои рушди устувор дар соли 2027 қарор дорем. Ҳамзамон бо ин, соли 2028 шаҳри Душанбе мизбони Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид хоҳад гардид, ки дар он аз Даҳсолаи ҷории байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» натиҷагирӣ карда мешавад. Бар ин боварам, ки натиҷаҳои ин ҳамоишҳо ба ташаккули Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 мусоидат хоҳанд кард», -афзуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар ин раванд расидан ба натиҷаҳои амалӣ, маблағгузории устувор, ҳамгироии сиёсати об бо иқлиму энергетика, озуқаворӣ ва низомҳои муҳитзистӣ, инчунин тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ бояд мавзуъҳои калидии Рӯзномаи нави обро ташкил диҳанд.
«Дар ин замина «Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд. Комёб гардидани мо дар ин масир, пеш аз ҳама, ба ҳамкории боэътимод, дарки муштараки мушкилот ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо вобастагӣ дорад. Биёед, аз имконияти конфронси имрӯза ҳамчун нуқтаи гардиш дар ҳалли масоили об истифода намоем. Ҳамаи мо масъулияти муштараки муҳим дорем – ганҷинаи бебаҳои сайёра, яъне захираҳои обро бояд барои наслҳои имрӯзу оянда оқилона ва самаранок идора ва ҳифз намоем», — даъват намуданд Президенти Тоҷикистон аз иштирокчиёни конфронс.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд






