Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа мебошанд»

Май 23, 2026 09:50

ДУШАНБЕ, 23.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷавононро қувваи пешбарандаи ҷомеа ва созандагони фардои ободи кишвар номиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ҷавонон дар татбиқи сиёсати давлат, рушди иқтисоди миллӣ, пешрафти илму маориф, фарҳанг ва технологияҳои муосир иштироки фаъол дошта, дар ҳифзи марзу буми кишвар, таҳкими сулҳу субот ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат саҳми арзишманд мегузоранд.

Пешвои миллат иброз доштанд, ки дар 35 соли соҳибистиқлолӣ қариб як миллион нафар ҷавонон муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва 140 ҳазор нафар мактабҳои олии хориҷиро хатм намудаанд.

«Омӯзиши илму донишҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, иқтисоди рақамӣ, технологияҳои иттилоотӣ, хизматрасониҳои электронӣ ва барномасозӣ барои ҷавонон аҳаммияти аввалиндараҷа дорад», — ёдовар шуданд Президенти мамлакат.

Сарвари давлат дар идома ҷавононро ба ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, омӯзиши таъриху фарҳанги миллӣ ва эҳтироми забони модарӣ даъват намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Май 23, 2026 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд