Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»

Май 26, 2026 10:04

ДУШАНБЕ, 26.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе зимни маросими ифтитоҳи Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки кишвари мо тавассути ташаббусҳо дар соҳаи об, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамеша дастгирӣ ёфтанд, пайваста талош меварзад. Ҷавҳари ин талошҳои мо аз масъалаҳои баланд бардоштани мақому манзалати об — сарвати бебаҳои ҳаёт иборат аст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Пешвои миллат изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ҳамоно ҷонибдори бархурди мутавозин, фарогир ва ба самараи амалӣ нигаронида мебошад. Эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» гувоҳи возеҳи кӯшишҳои муштараки мо дар ин самт аст.

Илова бар ин, баргузории муваффақонаи Конфронси таърихии оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 таҳти мизбонии Тоҷикистону Нидерланд зарурати уҳдадориҳои ҷаҳониро барои тезонидани амалҳо дар соҳаи об возеҳан нишон дод.

«Мо дар доираи Раванди оби Душанбе ба талошҳоямон дар самти ташкили платформаи байналмилалии фарогир ва шаффоф идома дода, имрӯз, чун анъана, ҳукуматҳо ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро аз саросари ҷаҳон барои дар амал татбиқ намудани уҳдадориҳои марбут ба об гирди ҳам овардаем», — изҳор доштанд Пешвои миллат.

Сарвари давлат изҳори нигаронӣ намуданд, ки бо вуҷуди пешравиҳо дар мавзуи об ҷаҳон ҳанӯз ҳам бо якчанд мушкилоте рӯ ба рӯ мебошад, ки раванди ноилшавӣ ба Ҳадафи шашуми рушди устуворро душвор кардаанд.

«Ҳоло миллиардҳо одамон ба оби нӯшокии бехатар ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд, қариб 4 миллиард нафар ҳар сол ҳадди ақалл як моҳ бо норасоии шадиди об дучор мешаванд. Тамоюлҳои ҷорӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ин мушкилиҳо дар оянда ба таври назаррас афзоиш хоҳанд ёфт. Тибқи таҳқиқоти нави коршиносон, талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл то ба 25 фоиз зиёд мешавад ва ин зарурати истеҳсоли 50 фоиз бештари ғизоро барои аҳолии рӯ ба афзоиш тақозо менамояд. Ҳамзамон бо ин, қариб нисфи аҳолии шаҳрнишини ҷаҳон метавонад бо норасоии об рӯ ба рӯ гардад», — изҳори нигаронӣ намуданд Президенти Тоҷикистон.

Ба таъкиди Сарвари давлат, соҳаҳои нав ва босуръат рушдёбанда, аз ҷумла саноати «сабз», шаҳрсозӣ, истеҳсоли озуқаворӣ ва инфрасохтори рақамӣ талабот ба обро боз ҳам зиёд хоҳанд кард. Ин раванд зарурати гузариш ба технологияҳои сарфакоронаи об, мудирияти муассири захираҳо ва ҳамоҳангсозии беҳтари сиёсати об, энергетика ва озуқавориро дучанд месозад.

«Илова бар ин, таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла хушксолӣ, обхезиҳо, обшавии босуръати пиряхҳо ва баландшавии сатҳи баҳр вазъи ҷориро дучанд шиддат мебахшад. Воқеияти гуфташуда барои низомҳои аллакай осебпазир фишори иловагӣ эҷод мекунад. Ин нишондиҳандаҳо танҳо пешгӯӣ нестанд, балки ҳушдори ҷиддӣ ва даъват ба амал ба ҳар яки мо мебошанд», — иброз доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» аз 25 то 28 май дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Конфронс бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони рушд барои мусоидат ба пешрафт дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» доир мегардад.

Дар конфронс намояндагони сатҳи баланди ҳукуматҳо ва кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, молиявӣ, муассисаҳои таҳқиқотӣ ва таълимӣ, бахши хусусӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин созмонҳои занон, ҷавонон ва кӯдакон иштирок доранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 26, 2026 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд