ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия шаҳрвандони Тоҷикистон бояд чиро донанд?

Май 6, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 06.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Русия фаъолияти меҳнатӣ доранд ё нияти сафар ба ин давлатро доранд, тавсия дода мешавад, ки барои пешгирии мушкилоти ҳуқуқӣ ва таъмини будубоши қонунӣ ба якчанд қоида ва талабот диққати ҷиддӣ диҳанд. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия шаҳрвандони Тоҷикистон бояд чиро донанд?

Дар робита ба ин мавзуъ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки қабл аз сафар зарур аст, ки онҳо дар барномаи мобилии «RuID» ё тавассути муроҷиат ба намояндагии расмии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар  шаҳри Душанбе (кӯчаи С. Айнӣ, 121) маълумот оид ба мақоми худро санҷанд.  Онҳо метавонанд маҳдудияти эҳтимолӣ барои вуруд, талаботи ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар маълумоти заруриро пешакӣ муайян намоянд. Ҳангоми убур кардани сарҳад мақсади сафар бояд дақиқ ва дуруст нишон дода шавад, махсусан агар ҳадаф фаъолияти меҳнатӣ бошад.

Пас аз ворид шудан ба Федератсияи Русия шаҳрвандон уҳдадоранд, ки дар муҳлати муқарраршуда худро дар қайди муҳоҷиратӣ гузоранд. Барои онҳое, ки дар шаҳри Москва ва вилояти он кор кардан мехоҳанд, бояд бо истифода аз барномаи «Амина»  макони зисташонро ҳамчун қайди муҳоҷиратӣ ишора ва муҳлати будубоши қонуниро риоя намоянд.

Ҳангоми ба кор қабул шудан бастани шартномаи расмии меҳнатӣ бо корфармо ҳатмӣ буда, нусхаи он бояд нигоҳ дошта шавад. Ҳамзамон маълумот дар бораи шартномаи меҳнатӣ бояд тибқи тартиби муқарраршуда дар воҳидҳои ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷиратӣ дар маҳалли кор ба қайд гирифта шавад.

Шаҳрвандон аз хизматрасонии миёнаравони ғайриқонунӣ бояд худдорӣ намоянд ва тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро шахсан ба расмият дароранд.

Риояи қонунҳои Федератсияи Русия, аз ҷумла қоидаҳои муҳоҷиратӣ, меҳнатӣ ва маъмурӣ барои пешгирии ҷарима, ихроҷ ё манъи вуруд аҳамияти калон дорад. Инчунин эҳтиром ба фарҳанг, анъана ва арзишҳои ҷомеаи давлати қабулкунанда яке аз омилҳои муҳими ҳамзистии осоишта ба шумор меравад.

Шаҳрвандон бояд ҳуҷҷатҳои худ, аз ҷумла шиноснома, корти муҳоҷиратӣ, қайд, патент ва шартномаи меҳнатиро ҳамеша дар ҷои бехатар нигоҳ доранд. Дар ҳолати зарурӣ барои гирифтани ҳуҷҷатҳои расмӣ метавонанд ба муассисаҳои консулӣ муроҷиат намоянд.

Дар мавриди поймол гардидани ҳуқуқҳои меҳнатӣ, напардохтани музди меҳнат ё дигар мушкилот тавсия дода мешавад, ки шаҳрвандон ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия муроҷиат намоянд. (тамос: +7 999 912 58 68).

Масъулин тавсия медиҳанд, ки ҳангоми будубош дар Русия меъёрҳои рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, қоидаҳои одоби муошират, покизагӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва намуди зоҳирии муносибро бояд риоя намуд. Ба интихоби либоси мувофиқ вобаста ба ҷойи кор ва ҷойи ҷамъиятӣ бояд диққат дод. Ба фарҳанг, анъана ва арзишҳои ҷомеаи давлати иқомат эҳтиром гузошта, аз амалҳое, ки метавонанд боиси вайрон шудани тартиботи ҷамъиятӣ ё таъсири манфӣ ба обрӯи шаҳрвандони Тоҷикистон гарданд, бояд худдорӣ намуд.

Дар нақлиёти ҷамъиятӣ, ҷойҳои истироҳатӣ, марказҳои савдо ва дигар маконҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои муқарраршударо риоя карда, бо садои баланд суҳбат набояд кард, ба оромии шаҳрвандон халал набояд расонид ва обруи худу ҳамватанонро бояд ҳифз намуд. Будубоши қонунӣ, меҳнати расмӣ ва рафтори масъулона асоси амният ва муваффақияти ҳамватанонамон дар хориҷи мамлакат мебошад.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 6, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Хатлон бо натиҷаҳои лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд