РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Имрӯз дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе Шоу – барномаи консертии идона баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 23.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 1997 инҷониб ҳамасола 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил мегардад. Бо ин мақсад имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе Шоу – барномаи консертии идона баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат хабар доданд.
Дар барномаи фарҳангӣ барои болидахотирии ҳозирин суҳбату вохӯриҳои ҷолиб, озмуну викторина доир шуда, ба ғолибон туҳфаҳои арзишнок тақдим мегарданд.
Баргузор намудани чунин барномаҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, имрӯзҳо дар ҳама самтҳо ҷавонон аз ҷониби давлату Ҳукумат ва роҳбарияти корхонаву муассисаҳо дастгирӣ меёбанд. Ин ҳама дастгириву ғамхорӣ ба пешрафту рушди ватану миллат равона гардидааст.
Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонону наврасон аз 26 феврали соли 1998 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, омӯзишгоҳҳо ва коллеҷҳо таъсис дода шуд. Аз соли 1998 Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ доир ба корҳои намоён дар соҳаи илму техника барои олимони ҷавон таъсис ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки 23 майи соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, фармон «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расониданд. Маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ сабаб шуд, ки 23 май Рӯзи ҷавонон эълон гардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






