РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Фестивали об гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 09.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 май дар Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ» дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» Фестивали об баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар фестивал аз ҷониби масъулини шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳунарҳои мардумӣ ва санъати дастӣ, маҳсулоти саноатӣ, аз қабили кандакорӣ дар чӯб, ҷавоҳирот, атлас ва адрасбофӣ, сабадбофӣ, ҳунари зардӯзӣ, чакан, гулдӯзӣ, муҳрабофӣ, инчунин хӯрокҳои миллӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ — меваҳои тару тоза ва хушк ба намоиш гузошта мешаванд. Инчунин дар доираи фестивал таҳти унвони «Об–манбаи ҳаёти инсоният» барномаи фарҳангӣ ташкил карда мешавад.
Бояд гуфт, ки Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» аз 25 то 28 май дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Конфронс бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони рушд барои мусоидат ба пешрафт дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», ки бо қарори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 21 декабри соли 2016 эълон шудааст, баргузор мешавад.
Интизор меравад, ки дар конфронс намояндагони сатҳи баланди ҳукуматҳо ва кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, молиявӣ, муассисаҳои таҳқиқотӣ ва таълимӣ, бахши хусусӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин созмонҳои занон, ҷавонон ва кӯдакон иштирок намоянд.
Ҳамзамон иштирокдорони конфронс ба минтақаҳои Тоҷикистон рафта, манзараҳои табиати нотакрори Тоҷикистон, иншооти сайёҳӣ ва фароғатии мамлакатро тамошо менамоянд ва бо иқтидории обию энергетикии Тоҷикистон шинос мешаванд.
Дар доираи конфронс инчунин намоишгоҳи мавзуӣ оид ба захираҳои об ташкил карда мешавад. Дар он имконоти обу энергетикаи Тоҷикистон ва истифодаи захираҳои об барои рушди иқтисодӣ муаррифӣ карда мешаванд. Чунин чорабиниҳо бори дигар Тоҷикистонро ҳамчун яке аз кишварҳои дорои иқтидори бойи обӣ дар Осиёи Марказӣ ва пешрав дар соҳаи об ва тағйирёбии иқлим муаррифӣ менамоянд.
АКС аз бойгонӣ








Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
«РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ». Барои Тоҷикистон ин дастоварди дипломатӣ ва масъулияти бузург аст






