РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Конфронси 4-уми Душанбе ҳамчун майдони муколамаи васеъ дар ҳалли масъалаҳои муҳими соҳаи об мусоидат менамояд
ДУШАНБЕ, 10.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи майи соли равон пойтахти Тоҷикистон–шаҳри Душанбе мизбони боз як чорабинии сатҳи баланд — Конфронси 4-уми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» мегардад. Ин чорабинии сатҳи баланд ҳамчун майдони муколамаи васеъ ва озоди ҷонибҳои гуногуни манфиатдор барои омодагии ҳамаҷониба ба баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2028 дар Душанбе нақши муҳим хоҳад бозид. Имконоти ин платформа метавонанд ҳамчунин барои омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 истифода бурда шаванд.
— Тоҷикистон дорои захираҳои бойи обӣ буда, дар ҳудуди он то 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд, ки он нақши муҳими низоми экологии кӯҳии Тоҷикистонро дар таъмини обрасонӣ ва рушди устувор дар минтақа собит менамояд.
Бо назардошти муҳимияти масъалаҳои марбут ба обу иқлим, хусусан ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор беш аз ду даҳсола аст, ки дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонӣ саҳми шоиста мегузорад. Ин аст, ки 14 ташаббуси глобалии Тоҷикистон дар масоили обу ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ гардидаанд, ки бозгӯи иқдоми наҷиби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои обӣ ва ҳифзи пиряхҳо дар қарни XXI мебошанд.
Конфронси 4-уми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони рушд бо мақсади мусоидат ба пешрафт дар татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018–2028, ки бо Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 21 декабри соли 2016 эълон гардидааст, гузаронида мешавад.
Конфронс дар шакли ҳузурӣ баргузор гардида, равиши бисёрҷонибаро фаро мегирад. Барои иштирок дар он намояндагони баландпояи ҳукуматҳо ва давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои молиявӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимӣ, бахши хусусӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҳавзавии дарёву кӯлҳо, инчунин ташкилоти занон, ҷавонон ва кӯдакон даъват гардидаанд. Дар доираи конфронс форумҳо, чорабиниҳои канорӣ ва ҷаласаи минтақавии омодагии Осиё-Уқёнуси Ором ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2026 баргузор мешаванд.
Инчунин дар доираи конфронс чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд, ки барои иштирокчиён имконияти шиносоӣ бо мероси ғании фарҳангии мардуми тоҷикро фароҳам меоранд. Дар ин чорабиниҳо унсурҳои фарҳангӣ ва анъанавии тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла расму ойинҳо, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳо, либосҳои миллӣ ва санъати тоҷикон муаррифӣ карда мешаванд. Ҳамзамон гурӯҳҳои фолклорӣ аз минтақаҳои гуногуни мамлакат бо барномаҳои ҷолиб ва рангоранг руҳияи меҳмонон ва иштирокдорони конфронсро болида месозанд.
Тавре ки Котиботи раванди оби Душанбе таъкид мекунад, идоракунии самаранок ва муассири обҳои фаромарзӣ барои ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим муҳим аст. Конфронси дарпешистода — Конфронси 4-уми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» — барои кишварҳои минтақа майдони фарохеро бобати муаррифии афзалият, мубодилаи таҷриба ва муҳокимаи ташаббусҳои муштарак дар бораи захираҳои об фароҳам меорад. Ҳамкорӣ ва муколама дар конфронс ба тақвияти нақши Осиёи Марказӣ ҳамчун бозигари калидӣ дар рӯзномаи ҷаҳонии об мусоидат мекунад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
«РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ». Барои Тоҷикистон ин дастоварди дипломатӣ ва масъулияти бузург аст






