Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд

Май 2, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 02.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА), ки дар Ванкувери Канада баргузор шуд, иштирок кард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, Федератсияи футболи Тоҷикистонро дар конгресс ноибони президент Алишер Урунов ва Искандар Ҷалилов, инчунин котиби генералӣ Фурқат Ахмедҷонов намояндагӣ карданд.

Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино дар ҳамоиш сухан карда, якчанд лоиҳа, аз ҷумла барномаи «FIFA Forward»-ро, ки футболро дар саросари ҷаҳон босуръат рушд медиҳад, мисол овард.

Ба иттилои Инфантино, шумораи лоиҳаҳое, ки бо ҳамкории 211 ассотсиатсияи аъзои ФИФА амалӣ мешаванд, дар муқоиса бо давраҳои қаблӣ ҳашт маротиба афзоиш ёфтааст. Ӯ инчунин афзуд, ки сармоягузорӣ дар доираи барномаи «FIFA Forward» дар давраи оянда ба сатҳи рекордӣ хоҳад расид.

Дар конгресс Ҷанни Инфантино аз 211 иттиҳодияи аъзо ФИФА барои дастгирӣ ва натиҷаҳое, ки давоми 10 соли охир ба даст омадаанд, изҳори сипос кард ва нақшаи худро барои пешниҳоди номзадӣ ба мақоми президентӣ дар соли 2027 эълон намуд.

Конгресси 77-уми ФИФА 18 марти соли 2027 дар пойтахти Марокаш– шаҳри Работ баргузор мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Май 2, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид