Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид
ДУШАНБЕ, 01.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассиси 49-солаи македонӣ Игор Ангеловский сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин шуд. Ӯ дастаро барои қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, омода мекунад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Қаблан Игор Ангеловский дастаи мунтахаби Македонияи Шимолиро роҳбарӣ карда, онро соли 2020 бори аввал ба марҳилаи ниҳоии Чемпионати Аврупо баровардааст.
Дар сатҳи бошгоҳӣ Игор Ангеловский бо «Работнички» дар мавсими 2013/14 чемпиони Македонияи Шимолӣ гашта, ду маротиба Ҷоми кишварро (2013/14 ва 2014/15) ба даст овардааст.
Игор Ангеловский инчунин дар дастаҳои «Горитса» (Хорватия), «Каспий» (Қазоқистон) ва «Этникос Ахнас» (Кипр) кор кардааст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






