ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 май, ҷумъа, 121-умин рӯзи соли 2026 аст
1 майи соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни корҳои барқарорсозии Маркази истеҳсоли барқу гармии ноҳия ва шабакаи таъминоти буғу оби гарми Ҷамъияти саҳомии «Тоҷикхимпром» ва маркази ноҳия, инчунин якчанд иншооти дигари иҷтимоӣ, саноатӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ шинос гардиданд.
***
1 майи соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Ҷопон Нарухито барқия ирсол намуданд.
***
1 майи соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар муддати се моҳ ҷиҳати пардохти иловапулӣ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ ҳармоҳа ба музди меҳнати амалкунандаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати сирояти COVID-19 дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қарордодашуда иштирок менамоянд, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12,4 миллион сомонӣ (дувоздаҳ миллиону чорсад ҳазор сомонӣ) маблағ ҷудо намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
1 МАЙ:
Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон
***
Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории диққи нафас.
РӮЙДОДҲОИ ТОҶИКИСТОН:
1 майи соли 1940 дар Сталинобод аввалин кӯл — «Кӯли комсомол» ба истифода дода шуд.
***
1 майи соли 2014 вазъ ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Беларус муҳокима карда шуд.
***
1 майи соли 2018 дар доираи бозиҳои даври 5-уми Ҷоми КФО-2018 дар гурӯҳи «D» дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар сафар бо дастаи футболи «Аҳал»-и Туркманистон дидори ҷавобӣ анҷом дод.
***
1 майи соли 2023 дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ҷумҳурии Узбекистон дар соҳаи назорати фаъолияти ташкилоти қарзӣ Созишнома ба имзо расид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ:
Соли 1884 дар Чикаго сохтмони аввалин бинои серошёна, ки иборат аз 10 ошёна буд, оғоз ёфт.
***
Соли 1899 бори нахуст доруи аспирин ба фурӯш бароварда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1922 дар Русия аввалин хати байналмилалии ҳавоӣ кушода шуд.
***
1 майи соли 2004 Венгрия, Кипр, Латвия, Литва, Малта, Полша, Словакия, Словения, Чехия ва Эстония ба Иттиҳоди Аврупо дохил шуданд, ки дар таърихи ин созмон бузургтарин ҳамроҳшавии давлатҳо ба шумор меравад.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Меҳрубон Назаров — соли 1922—номзади илмҳои таърих, профессор, ходими давлатӣ, коргардон, драманавис, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон ва Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон.
***
Ашӯр Сафар — соли 1928 — Шоири халқии Тоҷикистон, аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
***
Гурминҷ Завқибеков – соли 1929 – ҳунарпешаи театр ва кинои тоҷик, аъзои Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 апрел, панҷшанбе, 120-умин рӯзи соли 2026 аст






