ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ҶАВОНОН АСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Сарвари давлат бахшида ба Рӯзи ҷавонон
ДУШАНБЕ, 23.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ин рӯз ба хотири эҳтиром ва қадршиносии нақши босазои ҷавонон дар ҷомеа ва ташаккули давлатдории муосир ҷашн гирифта мешавад. АМИТ «Ховар» ба муносибати Рӯзи ҷавонон якчанд иқтибосро аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод менамояд.
— Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози замони соҳибистиқлолӣ то имрӯз ба рушди зеҳнӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва ҷисмонии ҷавонон эътибори аввалиндараҷа зоҳир намуда, барои дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, илму ҳунаромӯзӣ тарбия ёфтани ҷавонон, аз худ кардани техника ва технологияҳои муосир тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
***
Аз ҷумла, тавассути қабул ва амалӣ намудани қонунҳо дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш, татбиқи самараноки “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон барои давраи то соли 2030” ва барномаҳои давлатӣ дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш заминаҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии рушди соҳа фароҳам гардидаанд.
***
Таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти мамлакат, Шурои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, бунёд ва ба истифода додани марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, бунёди ҳазорҳо муассисаи таълимии ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ва даҳҳо ҳазор иншооти муҷаҳҳазу замонавии варзиш аз ҷумлаи ҳамин иқдомот ба ҳисоб мераванд.
***
Бо мақсади фароҳам овардани шароити ҳарчи беҳтар барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ҳоло дар соҳаи маорифи кишвар 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд.
***
Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст.Имрӯз дар кишвар 153 литсейи касбҳои техникӣ, коллеҷҳо ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ бо 141 ҳазор хонандаву донишҷӯ фаъолият дорад.
***
Илова бар ин, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд. Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони боистеъдоди мо дар беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии 42 давлати пешрафтаи ҷаҳон таҳсили илм доранд.
***
Сиёсати ҷавонгардонии кадрҳои хизмати давлатӣ, таъсиси квотаву стипендияҳои президентӣ, Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман!», «Илм фурӯғи маърифат» ва чорабиниҳои дигар ҳама гувоҳи ғамхориву таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба наврасону ҷавонон – насли ояндасози ҷомеа мебошад.
***
Мо аз ҷавонони мамлакат умеди калон дорем, ки вақтро ғанимат шуморида, ба хотири ояндаи неки Ватан ва пешрафти давлати соҳибистиқлол омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва аз худ кардани техникаю технологияҳои навтаринро вазифа ва мақсаду мароми ҳаррӯза қарор медиҳанд.
***
Шумо – ҷавонони саодатманд, ки ояндасозони ин Ватани биҳиштосо ва фардои Тоҷикистони азизу маҳбубамон мебошед, метавонед дар ҷаҳони пуртазоди муосир Тоҷикистони соҳибистиқлол ва манфиатҳои давлату миллатро ҳифз кунед, сарзамини аҷдодиро боз ҳам ободу зебо гардонед ва қарзи фарзандию рисолати шаҳрвандии худро дар назди Модар – Ватан сарбаландона иҷро намоед.
***
Мо ифтихор дорем, ки имрӯз ҷавонони далеру ғаюри мо, яъне насли замони истиқлол дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии хешро сарбаландона иҷро мекунанд, масъулияти ҳимояи марзу буми мамлакат ва ҳифзи амнияти давлату миллатро ба дӯш доранд, Ватан, миллат, забон ва фарҳанги миллии хешро самимона дӯст медоранд ва барои пойдории ин арзишҳои ҷовидонӣ саъю талош менамоянд.
***
Дар замони муосир танҳо кишварҳое ба дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди устувори ҷомеа муваффақ мегарданд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи зарурӣ дода, имконияти фаровони зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳоро ба самти дурусту созанда равона менамоянд.
***
Бо шуғли доимӣ таъмин кардани ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Дар ин самт мо бояд тадбирҳои иловагӣ андешида, фоизи қувваи кориро аз ҳисоби ҷавонон боз ҳам баланд бардорем.
***
Имрӯз ҷавонони мо такягоҳи воқеӣ, умед ва ифтихори ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Таҳияи Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Сатҳи шоистаи зиндагии аҳолӣ дар маркази сиёсати Пешвои миллат қарор дорад
Дар Душанбе Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ таъсис дода мешавад
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсӣ барномаи фарҳангӣ доир шуд
Ба ноҳияҳои Тоҷикистон 18 нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ конференсияи илмӣ–амалӣ доир гардид
Самтҳои афзалиятноки рушди таҳсилоти касбӣ бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! Аз 21 то 24 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Натиҷаҳои амалишавии Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бокортаъминшавӣ» баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор муассисаи тандурустӣ фаъолият мекунад
Умед Бобозода ва Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ масоили ҳифзи ҳуқуқи инсонро баррасӣ намуданд
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






