Қуръакашии марҳилаи асосии Ҷоми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 май қуръакашии марҳилаи асосии Ҷоми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, барои ба даст овардани ҷоми фахрӣ аз марҳилаи 1/8-ниҳоӣ дувоздаҳ дастаи Лигаи олӣ ва чаҳор дастаи Лигаи якум муборизаро оғоз мекунанд.
Дар мавсими имсола ҳамаи марҳилаҳои Ҷоми Тоҷикистон аз даври 1/8-ниҳоӣ сар карда, аз ду бозӣ иборат хоҳанд буд. Имсол чаҳор дастаи Лигаи якум ба сабадҳои болоӣ ва поёнии Ҷом ҷудо шуда, бозиҳои аввали даври 1/8-ниҳоиро дар сафар анҷом медиҳанд. Вохӯриҳои ҷавобӣ дар майдонҳои худи онҳо баргузор мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки фонди ҷоизавии Ҷоми Тоҷикистон 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби Ҷоми миллӣ дар баробари ба даст овардани ҷоиза бо 200 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешавад. Ба иштирокчии бозии ниҳоӣ 100 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад. Финали мусобиқа дар варзишгоҳи «Вахш» доир мешавад.
Ҳамчунин барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2026 роҳхати иштирок дар Лигаи даъвати КФО-2027/28-ро соҳиб мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






