Вазорати молия натиҷаҳои таҳқиқоти «Буҷети кушода»-и соли 2025-ро муаррифӣ намуд
ДУШАНБЕ, 22.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷаҳои ислоҳот дар самти шаффофияти буҷети давлатӣ ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок карда, натиҷаҳои таҳқиқоти «Буҷети кушода»-и соли 2025 ва иқдомҳои минбаъдаро дар ин самт баррасӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки таҳқиқоти «Буҷети кушода»-и соли 2025, ки аз ҷониби Шарикии байналмилалии буҷетӣ (International Budget Partnership) гузаронида шуд, пешрафти назарраси Тоҷикистонро дар самти кушодагии буҷет нишон медиҳад. Аз ҷумла, нишондиҳандаи шаффофияти буҷетии кишвар аз 16 хол дар соли 2021 то ба 47 хол дар соли 2025 расида, дар давоми чор сол қариб се баробар афзоиш ёфтааст. Ин баландтарин натиҷа аз оғози иштироки Тоҷикистон дар Индекси шаффофияти буҷет арзёбӣ мешавад.
Иброз гардид, ки дар чор соли охир дар самти шаффофияти буҷет як қатор ислоҳоти муҳим амалӣ карда шуд. Аз ҷумла, ҳуҷҷатҳои асосии буҷетӣ дар сомонаи Вазорати молия барои дастрасии умум ҷойгир гардида, бори аввал шарҳи нимсолаи иҷрои буҷет нашр карда шуд. Ҳамчунин маълумот вобаста ба нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ ва қарзи давлатӣ ба таври васеъ пешниҳод гардид.
Дар ҷараёни ҳамоиш муаррифии муфассал оид ба натиҷаҳои таҳқиқот манзур шуда, иштирокчиён дастовардҳо, мушкилоти мавҷуда ва амалҳои афзалиятнокро барои марҳилаи минбаъдаи ислоҳот муҳокима намуданд.
Гуфта шуд, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим дорад иқдомҳоро дар самти баланд бардоштани шаффофияти буҷет тақвият бахшида, ҷорӣ намудани буҷетикунонии барномавӣ, рақамикунонии соҳа ва истифодаи зеҳни сунъиро густариш диҳад. Инчунин мутобиқсозии низоми мазкур ба стандартҳои байналмилалии бахши давлатӣ идома дода мешавад.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон











Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад






