Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд

Май 28, 2026 13:31

ДУШАНБЕ, 28.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 май дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия дар доираи Форуми байналмилалии амният, Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом, ки масоили амниятиро сарпарастӣ менамоянд, баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар кори форум ва вохӯрӣ ҳайатҳои сатҳи баланд беш аз 145 давлат, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок намуданд.

Иштирокдорон масъалаҳои муҳими амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таҳдидҳои киберӣ, инчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар шароити идомаёбандаи танишҳои геополитикиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба равандҳои тағйирёбии низоми муосири ҷаҳонӣ ва ташаккули ҷаҳони бисёрқутбӣ, ки бар принсипҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтироми мутақобил, дахолат накардан ба корҳои дохилии давлатҳо ва риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ асос ёфтааст, зоҳир гардид.

Юсуф Раҳмон изҳор намуд, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи амният, густариши механизмҳои вокуниши дастҷамъона ва пешбурди муколамаи созанда оид ба масъалаҳои калидии рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ҷонибдорӣ мекунад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаи «дарҳои боз»-ро пеш бурда, ҳамеша ҷонибдори ҳалли тамоми низоъҳо ва ихтилофҳо танҳо бо роҳҳои сиёсӣ-дипломатӣ, инчунин рушди ҳамкории боэътимод ва эҳтироми мутақобили байналмилалӣ мебошад.

Ҳамчунин аҳамияти муттаҳидсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти муқовимат ба таҳдидҳои муосир ва таъмини суботу рушди устувор таъкид гардид.

Дар ҷамъбасти чорабиниҳо иштирокдорон барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва идомаи муколамаи мунтазам оид ба масъалаҳои амнияти байналмилалӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 28, 2026 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид