Ҷаласаи Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар соли 2026 баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 25.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ҷаласаи Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа Нақшаи амал барои солҳои 2026–2028, масъалаҳои такмили низоми мониторинг ва арзёбӣ, рушди платформаи таҳлиливу иттилоотӣ, мубодилаи байниидоравии маълумот ва татбиқи харитаи роҳ оид ба таҳкими низоми огоҳсозии бармаҳал таҳти унвони «Огоҳсозии бармаҳал барои ҳама» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Инчунин масъалаҳои татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ, тақвияти чораҳои пешгирикунанда дар минтақаҳои осебпазир, такмили низоми маблағгузорӣ, рушди ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об, баланд бардоштани устувории иншоот дар минтақаҳои сейсмикӣ ва таъмини амнияти инфрасохтори сайёҳӣ муҳокима гардиданд.
Иштирокчиён масъалаҳои таҳияи харитаҳои миллӣ оид ба хавфу таҳдидҳо, омодасозии Атласи пиряхҳои Тоҷикистон, такмили қонунгузорӣ дар соҳаи идоракунии хавфи офатҳои табиӣ ва рушди низоми огоҳсозии бармаҳалро муҳокима намуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа тадбирҳои минбаъда барои татбиқи Нақшаи амал, таҳкими ҳамкории байниидоравӣ ва омода намудани мавод барои ҷаласаи навбатии Платформаи миллӣ муайян карда шуданд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиа граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






