Ҷашни Тиргон асоси илмиву таърихӣ ва фарҳангиву маънавӣ дорад

Июнь 28, 2026 09:20

ДУШАНБЕ, 28.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мо яке аз ҷашнҳои аҷдодӣ — Тиргонро таҷлил менамоем. Агар Сада дар фасли зимистон, Наврӯз дар баҳорон ва Меҳргон дар тирамоҳ таҷлил ёбанд, пас Тиргон ҷашни тобистон аст. Ин ҷашнҳо ҳар яке марбут ба табиат ҳастанд, чуночи, Сада ҷашни оташ, Наврӯз ҷаши хоку замин, Тиргон марбути об ва Меҳргон марбути рӯшноии осмон ва ҳаво мебошанд. Пас, ҷашнҳои миллии мо ҳама асоси илмиву таърихӣ ва фарҳангиву маънавӣ доранд.

Мутафаккири бузург Абурайҳони Берунӣ дар асараш «Осор-ул-боқия» баргузории ин ҷашнро чунин маънидод намудаст: «…номи ин рӯз Тир аст, ки Уторид бошад ва он ситораи нависандагон аст. Ва дар ин рӯз буд, ки Ҳушанг номи бародари худро бузург гардонид ва деҳқанатро ба ӯ дод. Ва деҳқанату китобат як чиз аст ва ин рӯзро аз роҳи ҷалолияту эъзом ид гардониданд. Ва дар ин рӯз Ҳушанг мардуми дунёро амр кард, ки либоси котибӣ бипӯшанд. Ва низ деҳқононро ба ин кор амр кард. Ва аз ин рӯз мулуку деҳқонону мӯбадон ва ғайри эшон ин либосро пӯшиданд. Ва то рӯзгори Гӯштосп аз роҳи ҷалолияти китобат ва афзалияти деҳқонон ин расм боқӣ бувад… ».

Муҳаққиқи тоҷик Зафар Мирзоён дар мақолаи «Тиргон ва биниши тоҷикони бостон» чунин навиштааст: «ҷашнҳои куҳани мо реша дар замони Пешдодиён дошта, аз боварҳои тоҷикону ориёнтаборони бостон – оини меҳр сарчашма гирифтаанд».

Баъзе аз муҳаққиқон тиргонро ҷашни кишоварзон ном мебаранд. Агар бо чунин назардоштҳо андешаҳои худро дар ин хусус натиҷагирӣ намоем, маълум мегардад, ки ин ҷашни миллии мардуми мо таърихи куҳан дошта, ифтихори мардуми ориёитабор буда, баргузории он аз фарҳанги бой ва гузаштаи пурғановати маънавии мо шаҳодат медиҳад.

Ба таъкиди донишмандон ва мардумшиносон, ойин ва суннатҳои Тиргон ин обпошӣ, фоли кӯза, дастбанди тир ва бод ва сенздаҳшабитирмоҳ мебошанд.

Академик Фарҳод Раҳимӣ бо такя ба маълумот ва сарчашмаҳо иброз дошт, ки Тиргон ҷашни тобистонаи мардумони ориёитабор буд, ки тақрибан мутобиқ ба 1 июли тақвими григорианӣ таҷлил мешуд. Яъне, дар солшумории ниёкони мо ҳар рӯз номи махсусе дошт, ки 12-тои онҳо бо номи моҳҳо айнан як хел буданд ва ҳар вақте ки номи моҳу рӯз ба ҳам мувофиқ меомаданд, мардум онро ҷашн мегирифтанд.

Номбурда доир ба таҷлили ин ҷашн чунин пешниҳод намуд, ки азбаски таърихи пайдоишу ташаккулёбии иди Тиргон бо «партофтани тир аз камони Ораш», «истифодаи ғӯраи гандуму мева», «сулҳ бастан байни Турон ва Эрон», «ба касбу кор машғул шудани мардум», «касби нависандагӣ», «риояи тозагӣ», «обпошию оббозӣ» ва умуман, парастиши об робита дорад, метавон ҳангоми таҷлили он намоишҳои оммавӣ, фестивалҳо, озмунҳо, намоишҳои театрӣ ва саҳнавӣ, бозиҳои мардумию миллӣ (аз ҷумла бозии шӯхиомези обпошӣ), мусобиқаҳои варзишӣ (аз ҷумла камонварӣ, оббозӣ ва ғайра) ташкил кардан зарур аст. Инчунин ҷашни Тиргонро ҳар чи бештар мавриди омӯзиш қарор додан ва паҳлӯҳои норавшани онро равшан сохтану арзишҳои онро аз нав эҳё кардан талаботи замон мебошад.

Профессор Равшан Раҳмонӣ афзуд, ки аз даврони бостон дар бораи Тиргон низ дар байни мардум, устура, ривоят ва боварҳое вуҷуд доштааст. Бо гузашти замон бархе аз онҳо ва оинҳои гуфторӣ ба осори навишторӣ роҳ ёфта, то рӯзгори мо расидаанд. Тиргон низ оинҳои вижаи худро дошт. Яке аз оинҳое, ки дар замонҳои қадим дар ҷашни Тиргон баргузор мешуд, ин оини обпошон буд. Ин ба он васила баргузор мешуд, ки мардум аз эзади борон мехостанд, ки боронро фаровон созаду хушксолӣ нашавад.

Баъзе пажуҳандагон бар он ақидаанд, ки ҷашни Тиргон ва ҷашни обпошон ё обрезгон тафовут дорад. Баъдан онҳо ба ҳамдигар омезиш ёфтаанд. Дар ҳамин ҷо бояд ишора кард, ки оини обрезгон дар баҳорон дар рӯзҳои Наврӯз низ вуҷуд дорад. Ҷашни «обпошон»-ро бо номҳои «обрезагон» ва «саршурон» низ ёд намудаанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, ин иқдом ба муаррифӣ намудани расму оини миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ шудани идҳои миллӣ мусоидат намуд.

Аз рӯи маълумоти сарчашмаҳои таърихи муайян кардан мумкин аст, ки ин чаҳор ҷашни миллӣ ба ягон дин ё мазҳаб мансуб набуда, пайдоиш ва ҷавҳари ин ҷашнҳо ба чаҳор фасли сол ё ин ки ба чаҳор унсур яъне об, оташ, замин ва ҳаво, ки дар фарҳангӣ ориёиҳо муқаддас дониста мешуд марбут медиҳанд. Барои таҷлили ҳар яки ин ҷашнҳо мардум омодагӣ мегирифтанд, манзилҳои худро тоза намуда, дастархони идона ороста, ҳамдигаро табрик гуфта, базму тараб менамуданд.

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳо ба муносибати ҷашни Тиргон иброз доштанд: «имрӯз кишоварзони тоҷик ва умуман, ҳамаи онҳоеро, ки дар ихтиёри худ як порча замин доранд, зарур аст, ки бо истифода аз ойину анъанаҳои неки ниёгонамон, аз ҷумла суннатҳои ҷашни Тиргон ҳарчи бештар заҳмат кашида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намоянд, ба масъалаҳои таъмин намудани бозори истеъмолӣ, захираи маводи зарурӣ дар ҳар як оила ва содироти маҳсулот эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳанд. Ҳамчунин, зарур аст, ки дар заминҳои обӣ, аз ҷумла заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ кишти такрорӣ вусъат дода, рӯёнидани се – чор ҳосил ва коркарди маҳсулот таъмин карда шавад».

Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 28, 2026 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар «Боғи Ирам» ҷашни Тиргон, иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» баргузор мешаванд
Дар Тоҷикистон боғи зардолу чанд гектарро ташкил медиҳад?
АЗ БУҲРОНИ МИЛЛӢ ТО ДАВЛАТДОРИИ УСТУВОР. Таҷрибаи Тоҷикистон дар масири Ваҳдат
Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» – ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар роҳи таҳкими сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ
Ваҳдат – роҳе, ки сулҳу ободиро дар Тоҷикистон таъмин намуд
Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Рӯзи Ваҳдати миллиро ботантана ҷашн гирифтанд
СУЛҲИ БУНЁДКОРИ МО ОМАД! Дар нахустин гомҳои адабиёти тоҷикӣ шиори он ситоиши сулҳу оштӣ ва ҳамбастагии халқҳо буд
БУНЁДИ ШОҲРОҲҲО. Дар ин раванд якпорчагии Тоҷикистон ва ваҳдати воқеии мардум ба вуҷуд омад
РИСОЛАТИ ҶАҲОНИИ СУЛҲОФАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар ҳошияи қабул гардидани ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон
Ваҳдати миллӣ ҳамчун модели мукаммали сиёсию идеологӣ моҳияти ҳувияти миллии моро ташкил дод
Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб: «Фарҳанги сулҳ пурарзиштарин неъмат ва беҳтарин дастоварди халқи тоҷик мебошад»
Қабули пешниҳоди навбатии Тоҷикистон аз ҷониби СММ рӯйдоди муҳимми фараҳбахш мебошад