Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Турсунзода иншооти гуногун ба истифода дода шуд
ТУРСУНЗОДА, 26.06.2026 /АМИТ«Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ дар мавзеъҳои сайёҳии дараи Қаратоғи Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода се ошхонаи замонавӣ, дорухона дар деҳаи Батош ва нуқтаи барқдиҳии мошин дар деҳаи Сайдалӣ Табаров мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.
Иншоот аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, даҳҳо нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин шуданд. Ҳамчунин иншоот ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар дараи Қаратоғ ва соҳибкории хурду миёна заминаи хуб фароҳам овардааст.
Дар маросими ифтитоҳи иншоот иброз гардид, ки шукргузорем, ки бо талошу каҳрамониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар кишвар тинҷиву оромӣ ҳукмфармо аст. Ин имкон медиҳад, ки дар рушду нумуи Ватани азизамон саҳмгузор бошем. Маҳз оромии кишвар имкон медиҳад, ки барои зиндагии шоистаи фарзандон шароити хуб дар ҳамаи соҳаҳо муҳайё намоем.
Ҳамарӯза садҳо сайёҳони дохилию хориҷӣ ба дараи Қаратоғ сафар менамоянд ва ошхонаҳои замонавии ба истифодадодашуда дар хизмати онҳо қарор мегиранд. Ҳамчунин дар ин мавзеъ гулмоҳӣ парвариш меёбад, ки бо хоҳишу фармоиши меҳмонон аз он хӯрокҳои лазиз омода карда мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






