Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Солҳои рушди саноат» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд

Июнь 19, 2026 09:33

ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Азиз Гиёзода ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2022 вобаста ба  эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Азиз Гиёзода иброз намуд, ки  ​Ҳукумати Тоҷикистон таҳти  роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳё ва рушди саноат як қатор чораҳои заруриро андешидааст. Аз ҷумла, се ҳадафи стратегии миллӣ — истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ — заминаи асосии рушди саноат гардиданд. ​

Гуфта шуд, ки ҳадафи асосии саноатикунонии босуръати мамлакат ин ташаккул додани соҳаи саноат ва дар асоси он ба сатҳи баланд бардоштани иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади амалинамоии ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат 7 барнома ва консепсияи рушди соҳаҳои мухталифи саноат таҳия шуда, айни замон мавриди амал қарор доранд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Муҳамадулло Шерализода изҳор дошт, ки  талаботи имрӯзаи замон ва қонунгузории мо аз он иборат аст, ки Тоҷикистон бояд аз мамлакати содироткунандаи ашёи хом ба содироткунандаи маҳсулоти ниҳоии саноатӣ табдил ёбад. Барои ин, ҳамоҳангии ҷиддии сохторҳои давлатӣ, рафъи монеаҳои сунъӣ барои фаъолият ва такмили заминаҳои ҳуқуқӣ зарур аст.

Дар ҷамъбаст аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон қарор ва тавсияҳои муҳокимаи парлумонӣ қабул карда шуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 19, 2026 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид