Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа оид ба саҳми Пешвои миллат дар пойдории сулҳ ва ваҳдати миллӣ филми ҳуҷҷатӣ намоиш дода шуд
Дар чорабинии идона филми ҳуҷҷатӣ оид ба саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу оромӣ ва рушду пешрафти Тоҷикистони азиз манзури ҳозирин гардонда шуд.
«Қабули ин санади муҳим амри саривақтӣ ва зарурӣ буда, дар таҳкими пешбурди рӯзномаиҷаҳонии фарҳанги сулҳ саҳми арзишманд мегузорад. Қатънома ҳамчун санади муҳимми байналмилалӣ ба таҳкими дӯстиву ҳамкории байни халқҳо, густариши фарҳанги сулҳ ва бунёди ҷаҳони амну осуда барои наслҳои имрӯзу оянда мусоидат менамояд»,- афзуд Абдураҳмон Ҳалимзод.Дар идомаи ҳамоиш иброз гардид, ки сулҳу ваҳдат имкон фароҳам оварданд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати начандон зиёд ба дастовардҳои бузург ноил гардад. Воқеан ҳам, сулҳ, оромӣ, ваҳдат вожаҳоеанд, ки барои мардум ғизои маънавӣ, далели ҳаёти ояндаи осудаҳолона, сабаби рушди корҳои созандагиву ободонӣ, пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ мебошанд.
Таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ дар сарнавишти ҳар як халқу миллат баробар ба истиқлоли давлатӣ аҳамият дорад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки ваҳдати сартосариро ҳифз намояд,барои пойдории он талош намояд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони фаъол бо мукофотҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
АКС: Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






