Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид

Июнь 11, 2026 15:17

ДУШАНБЕ, 11.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 29-солагии Рузӣ Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон лигаи волейболи вилоят байни мардон оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Хоруғ» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ иттилоъ доданд.

Мусобиқа бо ташаббуси Федератсияи волейболи вилоят доир шуда, дар он дастаҳо аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят иштирок мекунанд.

Раиси Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иброз намуд, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бори нахуст дар вилоят Лигаи волейбол таъсис дода шуд.  Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи варзиш корҳои созандагӣ бемайлон идома доранд.

То имрӯз, дар доираи нақша-чорабиниҳои таҷлили сазовор аз ҷашни муқаддаси миллӣ, дар ҳудуди вилоят зиёда аз 155 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуда, то 9 сентябри соли равон бошад, боз дар ин самт иншооти дигар мавриди истифода  қарор хоҳанд гирифт.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Июнь 11, 2026 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид