Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон роботи интеллектуалии насли нав ба раванди таълим ҷорӣ гардид

Июнь 15, 2026 10:49

ДУШАНБЕ, 15.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нави пешрафти илмӣ-технологӣ ворид гардидааст. Дар ин замина, «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» самтҳои афзалиятноки рушди ин соҳаро муайян намуда, ташаккули экосистемаи миллии зеҳни сунъӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос, рушди марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва татбиқи технологияҳои интеллектуалиро дар соҳаҳои иқтисодиёт, маориф ва идоракунии давлатӣ пешбинӣ менамояд.

— Аҳамияти байналмилалии ин сиёсат бо ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам тақвият ёфтааст. Моҳи сентябри соли 2024 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид масъалаҳои истифодаи бехатар, танзими оқилона ва татбиқи масъулонаи технологияҳои зеҳни сунъиро матраҳ намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкории густурда дар ин самт даъват карданд.

Идомаи мантиқии ин сиёсати созанда қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» мебошад, ки 25 июли соли 2025 бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин қатънома саҳми муҳими Тоҷикистонро дар ташаккули рӯзномаи байналмилалии зеҳни сунъӣ инъикос намуда, барои густариши ҳамкории илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ дар минтақа заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар чунин шароити мусоиди сиёсӣ ва илмӣ Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон татбиқи амалии сиёсати давлатии рушди зеҳни сунъиро ба роҳ мондааст. Аз ҷониби факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав роботи интеллектуалии насли нави Unitree Go2 ба раванди таълим ҷорӣ гардид.

Қобили таъкид аст, ки ин нахустин роботи интеллектуалии чунин сатҳ дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад.

Робот бо технологияҳои муосири зеҳни сунъӣ, сенсорҳои дақиқ, камераҳои пешрафта ва низоми лидар муҷаҳҳаз буда, имкони таҳлили муҳити атроф, сохтани харитаи сеандоза ва ҳаракати мустақилонаро доро мебошад.

Истифодаи он дар раванди таълим ва таҳқиқот имкониятҳои васеъро дар самтҳои робототехника, геоинформатика, мониторинги муҳити зист ва технологияҳои рақамӣ фароҳам меорад.

Ҷорӣ гардидани Unitree Go2 дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон далели татбиқи амалии сиёсати давлатӣ дар самти рушди зеҳни сунъӣ буда, нақши муассисаро ҳамчун яке аз марказҳои пешсафи инноватсионӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазири сатҳи байналмилалӣ таҳким мебахшад.

Дар маҷмуъ, таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳамгироии илм, маориф ва технологияҳои муосир метавонад заминаи устувор барои рушди иқтисодиёти донишбунёд ва воридшавии ҷумҳурӣ ба фазои ҷаҳонии инноватсия гардад. Ин раванд собит месозад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қадамҳои устувор ба сӯи ҷомеаи рақамӣ ва технологияҳои пешрафта ҳаракат намуда, мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким мебахшад.

Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ,
ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон 

АКС: Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон

Июнь 15, 2026 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро даъват менамояд, ки корҳои пешгирикунандаро сари вақт гузаронанд
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд