Дар Душанбе дар мавзуи муқовимат ба экстремизм ва терроризм конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 12.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 июн дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Институти давлат ва ҳуқуқи академия бо мақсади дар амал татбиқ намудани «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳти унвони «Муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои илмии пешгирии он» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузори гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳо хабар доданд.
Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бо изҳори нигаронӣ аз авҷи низоъҳо ва зуҳуроти терроризму экстремизм, қурбон гаштани ҳазорон мардуми бегуноҳ, зарурати таҳияи тадбирҳои дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои мубориза бо терроризм ва экстремизм таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд ва таъкид мекунанд, ки «мутаассифона, мо имрӯзҳо шоҳиди он ҳастем, ки дар ҷаҳон раванди рақобатҳои стратегӣ шиддат гирифта, нишонаҳои дубора доман паҳн кардани «ҷанги сард» возеҳ мушоҳида мешаванд. Дар шароити мураккабу пуртазоди имрӯза мо бояд ҳамкорӣ кунем, на рақобату бартариҷӯӣ».
Таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати вазъи сиёсию амниятии ҷаҳон масъалаи муқовимат бо экстремизм ва терроризм ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо табдил ёфтааст. Тоҷикистон низ ҳамчун қисми ҷомеаи байналмилалӣ аз таъсири таҳдидҳои муосир, аз ҷумла экстремизм, терроризм, радикализм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва ҷиноятҳои киберӣ дар канор нест. Аз ин рӯ, давлат барои таҳкими амнияти миллӣ ва ҳифзи суботи ҷомеа санадҳои муҳими стратегӣ ва меъёриву ҳуқуқиро қабул намудааст, ки ба пешгирӣ ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, инчунин мубориза бо дигар зуҳуроти хавфнок равона гардидаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ марҳилаи душвори таърихиро паси сар намуда, ба сулҳу ваҳдати миллӣ ноил гардидааст, ҳифзи субот ва амнияти ҷомеаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ меҳисобад. Таҷрибаи таърихии ҷумҳурии мо собит намуд, ки танҳо дар шароити сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва волоияти қонун рушди устувори давлат таъмин мегардад.
Дар ҷумҳурӣ ҳама сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат мубориза бар зидди чунин намудҳои ҷинояткориро самти афзалиятноки фаъолияти худ қарор дода, барои амалӣ гаштани дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар роҳи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта тадбирҳои мушаххас меандешанд.
Дар идома мудири бахши маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Раҳмон, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода ва олимону муҳаққиқон сухан намуданд.
Гуфта шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ масъалаҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм аҳамияти беш аз пеш касб намудаанд. Саҳми муассисаҳои илмӣ, марказҳои таҳқиқотӣ ва аҳли зиё дар омӯзиши омилҳои экстремизм ва терроризм, таҳияи тавсияҳои илмӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа хеле муҳим мебошад.
Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои иттилоотӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ барои таблиғи ғояҳои тундгароёна зарурати тақвияти корҳои пешгирикунанда ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии иттилоотии шаҳрвандонро ба миён овардааст. Дар ин замина нақши муассисаҳои илмӣ, соҳаи маориф, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии солим ва ҳифзи ҷавонон аз таъсири андешаҳои ифротӣ муҳим арзёбӣ гардид.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир шуд
Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






