Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд

Июнь 28, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 28.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 июн дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда,  барои солҳои 2027-2036»  ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин  кумита хабар медиҳад.

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки  тавассути ин санади муҳим —«Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда,  барои солҳои 2027-2036» давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид уҳдадории муштараки худро барои таҳкими сулҳ, густариши муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳамчун пояҳои асосии таъмини некӯаҳволии наслҳои оянда тасдиқ карданд.

Қатънома ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла иродаи наҷоти наслҳои оянда аз офати ҷанг ва ҳалли мусолиматомези баҳсҳо инъикос ёфта, ҳамчунин аҳамияти Эъломия ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳ ҳамчун санади муҳими байналмилалӣ эътироф гардидааст.

Иштирокдорони ҳамоиш иброз доштанд, ки дар қатънома таҷрибаи давлатҳое, ки тавассути равандҳои сиёсии фарогир, чораҳои эътимодсоз, барқарорсозии пас аз низоъ ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар пешбурди сулҳ саҳм гузоштаанд, ҳамчун намунаи арзишманд истиқбол гардидааст.

«Қабули ин қатъномаи муҳими байналмилалӣ боз як дастоварди бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, он дар шароити пуртазоди ҷаҳони имрӯз барои таҳкими фарҳанги сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти бузург дорад»,-таъкид шуд дар ҷамъомад.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 28, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид