Дар ноҳияи Ховалинг иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 22.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, роҳи мумфаршкардашудаи деҳаҳои Токак ва Даҳани шоли Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг мавриди истифода қарор дода шуд.
Ин роҳ, ки 5,2 километрро ташкил медиҳад, аз шоҳроҳи Восеъ–Ховалинг то дохили деҳаҳо тӯл кашидааст. Он аҳамияти муҳими иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дошта, рафтуомади сокинонро ба маротиб беҳтар менамояд.
Ҳамчунин дар ноҳияи Ховалинг роҳи мумфаршкардашудаи мавзеи сайёҳии Дараи Мухторро мавриди истифода қарор дода шуд. Деҳаи Дараи Мухтори Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт дар масофаи 3,4 километр аз маркази ноҳия ҷойгир буда, аз ҷумлаи мавзеъҳои муҳими сайёҳии ноҳия ба ҳисоб меравад.
Дар қисмати шимолии деҳа Маҷмааи варзишӣ, Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии «Боғ-осорхонаи шуриши Восеъ» ва ду меҳмонхонаи замонавӣ воқеъ гардидаанд, ки барои сайёҳону меҳмонон шароити мусоиди истироҳат ва сайёҳат фароҳам оварда шудааст.
Бо мақсади рушди минбаъдаи инфрасохтори сайёҳӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтари рафтуомад, бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ 2,4 километр роҳ аз дохили деҳа то «Боғ-осорхонаи шуриши Восеъ» пурра мумфарш карда шуд. Ин иқдом дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид.
Корҳои сохтмонӣ бо саҳми соҳибкорон, сокинони маҳаллӣ ва Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳия анҷом ёфта, барои татбиқи лоиҳа зиёда аз 2,3 миллион сомонӣ маблағ масраф шудааст.
Дар доираи сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг дар деҳаи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ хати нави оби нӯшокӣ ба истифода дода шуд қарор. Барои татбиқи лоиҳа 5,6 миллион сомонӣ маблағ равона гардида, оби нӯшокӣ аз маркази ноҳия то деҳаи Лоҳутӣ интиқол дода шуд. Дар натиҷаи амалишавии ин иқдоми муҳим 398 хоҷагӣ ва 2338 нафар аҳолии деҳаи Лоҳутӣ бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд. Ҳаҷми ҳавзи захиравии об 200 метри кубиро ташкил дода, дарозии умумии ҳамаи қубурҳои истифодашудаган 51 235 метр мебошад.
Сохтмони хати оби нӯшокӣ ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинон ва ҳалли яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоии маҳал мусоидат хоҳад намуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд






