Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд
ДУШАНБЕ, 12.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нафароне, ки гирифтори бемории диабети қанд мебошанд ва дар муассисаи тандурустии маҳалла ё ноҳияи худ номнавис шудаанд, метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд. Инсулин барои беморони диабети қанд чӣ таъсир мегузорад? Оё инсулин таъсири манфӣ дорад ва ба киҳо истифодаи он тавсия дода мешавад?
Ба тавсияи табибони эндокринолог, инсулин гормоне мебошад, ки дар ғадуди зери меъда ҳосил мешавад ва барои ворид шудани қанд ба ҳуҷайраҳо кумак мекунад. Агар инсулин дуруст кор накунад, қанд дар хун ҷамъ мешавад.
Гирифторони беморони диабети навъи 1 аксар вақт дар кӯдакон ва ҷавонон пайдо мешавад. Организми онҳо умуман инсулин истеҳсол намекунад.
Мутахассисони эндокринолог таъкид менамоянд, ки бемории диабети қанди навъи якумро ба инсулин вобаста мегӯянд, чунки бетаҳуҷайраи ғадуди меъдаи ин гуна беморон инсулинро ҳосил намекунад ё миқдори ҳосилашон кам аст. Аз ин лиҳоз онҳо ба инсулин вобаста мебошанд.
Бемории диабети қанди навъи дуюмро аз инсулин новобаста меноманд, чунки бетаҳуҷайраи ғадуди зери меъдаи ин гуна беморон инсулинро ҳосил мекунад. Аммо дар ин гуна беморон инсулин вазифаи худро иҷро карда наметавонад, аз ин лиҳоз миқдори қанд дар хун зиёд мешавад
Ба таъкиди мутахассиони соҳа, пеш аз истифода аз ташхис гузаред, ки кадом намуди инсулинро истифода намуд. Инсулин тавассути сӯзандору ё қалам-сӯзандору (шприц-ручка) ба зери пӯст гузаронида мешавад. Онро дар шикам, рон ва кифт мезананд. Пеш аз гузаронидан, ҷои сӯзандоруро бо спирт тоза карда, хушк кунед. Пӯстро бо ду ангушт каме бардошта, сӯзанро ба зери пӯст ворид кунед. То охир пахш кунед ва пеш аз баровардани сӯзан 5-10 сония интизор шавед.
Инсулин ҳормоне мебошад, ки глюкоза (қанд) – ро аз хун ба дигар қисмҳои организм мебарад. Агар дар бадан инсулин ба қадри кофӣ набошад, глюкозае, ки аз хӯроки хӯрдаи шумо ҳосил мешавад, дар хунатон боқӣ мемонад. Дар ин вақт глюкозаи хуни шумо хеле баланд мешавад. Агар миқдори қанди хуни шумо чанд рӯз ё чанд моҳ пайи ҳам баланд шавад, организми шумо метавонад ба таври доимӣ маъюб шавад.
Ба гуфтаи мутахассион инсулинро 30 дақиқа пештар аз хӯрокхӯрӣ гузаронидан мумкин аст. Шишаҳои кушодаи инсулинро дар яхдон ва ё дар ҳарорати хонагӣ нигоҳ доред. Ҳангоми хеле хунук будани ҳарорат эҳтиёт шавед, ки инсулини шумо ях накунад. Агар инсулин ях кунад, истифода бурдан лозим нест. Агар инсулин ях карда бошад ё муҳлати истифодабариаш, ки дар шишаи он нишон дода шудааст, гузашта бошад, онро истифода набаред. Инсулинро дар ҷое ки нурҳои офтоб ва ҳуҷраи хеле гарм намонед.
Барои кӯдакони хурдсол дар ҳама ҷои қисмҳои бадан — даст, пой, шикам истифода бурдан мумкин аст. Барои кӯдакони калонсолтар ва наврасон сӯзандоруро зиёдтар дар шикам гузаронидан мумкин аст.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шудгор аз аввали моҳи октябр то охири моҳи декабр гузаронида мешавад
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
АСОСНОККУНИИ ИЛМИИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»






