Дар Тоҷикистон нахустин неругоҳи бодӣ бо иқтидори 200 киловатт ба истифода дода мешавад

Июнь 11, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 11.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин неругоҳи бодӣ бо иқтидори 200 киловатт ба истифода дода мешавад, ки он нахустин неругоҳи шамолӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Татбиқи ин лоиҳаҳо қадами муҳим дар роҳи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, таъмини амнияти энергетикӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва дастгирии аҳолии минтақаҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Ҳамзамон дар доираи лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот», ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир Энерҷӣ» амалӣ гардида истодааст, дар деҳаҳои дурдасти ноҳияи Мурғоб 22 неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 13 мегаватт сохта шудаанд.

‎ Инчунин бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар арафаи ин иди бузурги миллӣ Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир Энерҷӣ» тасмим гирифтааст боз 7 неругоҳи нави офтобиро бо иқтидори умумии 540 киловатт ба истифода диҳад.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 11, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд