Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 15.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориро байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин ҳамсуҳбатон масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои пешгирӣ, баланд бардоштани тобоварии шаҳр ба тағйироти иқлим, рушди иқтисодиёти шаҳрӣ, такмили идоракунии шаҳрӣ ва таҳкими иқтидори институтсионалии мақомоти маҳаллиро муҳокима намуданд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкории судманд ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самтҳои афзалиятноки рушди шаҳри Душанбе иброз доштанд.
АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






