Эмомалӣ Собирзода дар ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок кард
ДУШАНБЕ, 03.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 июн дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор гардид, ки дар он Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар кори ҷаласа инчунин вазирони мудофиаи ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Сардори Ситоди муттаҳидаи СААД иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа 13 масъалаи ҳамкории ҳарбӣ, вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, аз рӯйи натиҷаҳои он қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар доираи ҷаласа ҳамзамон мулоқоти дуҷонибаи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири мудофиаи Федератсияи Русия баргузор шуд.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникиро муҳокима намуда, аз фаъолияти густурдаи вазоратҳои мудофиаи ҳарду кишвари дӯсту бародар изҳори қаноатмандӣ карданд.








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






