Файзалӣ Идизода бо Сафири Арабистони Саудӣ Холид ибни Абдуллоҳ аш-Шамронӣ вохӯрӣ намуд

Июнь 23, 2026 09:38

ДУШАНБЕ, 23.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 июн Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Сафири Арабистони Саудӣ Холид ибни Абдуллоҳ аш-Шамронӣ вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Дар мулоқот иброз гардид, ки муносибатҳои байнипарлумонӣ бо Маҷлис аш-Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ солҳои охир вусъати тоза пайдо намудааст. Дар таҷрибаи ҳамкории байнипарлумонӣ мунтазам муколама, сафарҳо ба мамлакатҳои ҳамдигар ва мулоқоту вохӯриҳо барпо мегарданд, ки барои пешрафти муносибатҳо, устувор гардидани робитаҳои дӯстиву бародарӣ байни мардумонамон мусоидат менамоянд.

Имрӯз барои ташаккули робитаҳои байнипарлумонии ду давлат, фаъолияти гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон ва Маҷлис-аш-Шурои Арабистони Саудиро боз ҳам густариш дода, муколамаҳо ва мубодилаи сафарҳои расмии ҳайати гурӯҳҳоро ба роҳ монда, барои ба пешравиҳо ноил гардидан, талошҳои муштаракро ба харҷ додан зарур аст.

Инчунин дар мулоқот таъкид гардид, ки ҳолати имрӯзаи муносибатҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар маҷмуъ нишон медиҳад, ки ҳамкории мутақобилан судманди тарафҳо, бо вуҷуди рушд, ҳанӯз ҳам дар марҳилаи ҷустуҷӯи манфиатҳои муштарак қарор доранд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 23, 2026 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид