ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад

Июнь 3, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 03.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол, дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар Чин ҷамъомади таълимиву тамринӣ мегузаронад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни ин ҷамъомад дастаи олимпии Тоҷикистон ду бозии дӯстона муқобили дастаи олимпии Чин (U-23) анҷом медиҳад. Вохӯрии аввал 6 июн дар шаҳри Зунйӣ ва бозии дуюм 9 июн дар шаҳри Гуйян доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни дастаҳои то 23-сола соли 2027 баргузор мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июнь 3, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд