Имсол дар Тоҷикистон чанд дармонгоҳи нав сохта шуд?
ДУШАНБЕ, 15.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар Тоҷикистон чанд дармонгоҳи нав бунёд гардид? Дар Тоҷикистон моҳҳои январ-апрели соли 2026 дармонгоҳ барои 176 ҷойи қабул сохта, ба истифода дода шудаст. Аз ин шумора, 140 ҷойи қабул дар як баст ба вилояти Хатлон ва 36 ҷойи қабул дар як баст ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост меояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агенти омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба рушди соҳаи тандурустӣ ва таъмини шароити моддию маънавии кормандони тиб таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин самт корҳои назаррас анҷом медиҳад.
Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ чун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифта, барои рушди фаъолияти соҳа марҳила ба марҳила тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, сохтмони 83 муассисаи дигари соҳаи тандурустӣ идома дорад, ки 57 адади он муассисаи кумаки аввалини тиббӣ-санитарӣ ва 26 адад муассисаҳои госпиталӣ аст. Инчунин 301 муассиса таъмир гардида, дар 59 муассисаи дигар таъмири асосӣ идома дорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






