Корхонаи ғанигардонии мису қалъагӣ аз нав ба кор оғоз менамояд

Июнь 14, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 14.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Панҷакент корхонаи муштараки «Броадтек — Тоҷикистон майнинг инвестмент лимитед» баъди танаффуси зиёд ба кор андохта мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.

Корҳои омодагӣ барои ба кор андохтани корхона бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент идома дошта,  ҳоло насби таҷҳизоти нав, бунёду навсозии сехи нав, инчунин манбаи истихроҷи маъдан дар мавзеи Мушистон, омода намудани хобгоҳҳо барои коргарон идома доранд.

Зимни шиносоии роҳбарияти шаҳр аз ин корхона,  масъулини  коргоҳ муваззаф карда шуданд, ки то охири соли 2026 навбати аввали корхона  бо ҷалби 200 нафар коргар ба фаъолият оғоз намояд.

АКС: Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Июнь 14, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст