Кормандони гумрук аз гардиши ғайриқонунӣ 4 қуттӣ маҳсулоти тамокуӣ дарёфт ва мусодира намуданд
ДУШАНБЕ, 25.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони шуъбаи Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баргузории амалиёти гумрукӣ дар маҳаллаи Чорбоғи шаҳри Душанбе миқдори зиёди маҳсулоти тамокуии ғайриқонуниро ошкор намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳангоми боздошт ва санҷиши мошини тамғаи «Toyota Sienna» аз бағоҷи воситаи нақлиёт 4 қуттӣ маҳсулоти тамокуӣ дарёфт гардид. Дар ҳар як қуттӣ 50 баста (блок) ва дар маҷмуъ 2000 қуттича тамокуи тамғаи «MILANO LONDON», истеҳсоли Амороти Муттаҳидаи Араб мавҷуд буд. Муайян гардид, ки маҳсулот бе ҳуҷҷатҳои воридотии гумрукӣ ва бе тамғаҳои аксизӣ ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудааст.
Зимни санҷиш маълум шуд, ки тамокуҳои ошкоршуда ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.М, сокини вилояти Суғд тааллуқ доранд.
Номбурда дар баёноти худ таъкид намудааст, ки маҳсулоти тамокуиро аз як шахс ба ивази қарз ба маблағи 1500 доллари амрикоӣ қабул карда, бо мақсади фурӯш ба шаҳри Душанбе интиқол додааст.
Вобаста ба ин ҳолат корҳои санҷишӣ ва муайян намудани ҳамаи ҳолатҳои қазия идома доранд.
АКС:Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






