Имрӯз дар пойтахт Рӯзҳои фарҳангии ноҳияҳои Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 14.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе кишоварзону ҳунармандони ноҳияҳои Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ маҳсули дасти хешро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт мегардонанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз аз соати 16:00 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Низомиддин Алишер Навоӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Спитамен, дар Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шаҳринав ва дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Панҷ баргузор мешаванд.
Дар ин рӯзҳо меҳмонон ва сокинони пойтахт метавонанд дар гулгашту хиёбонҳои боғ бо намоиши меваҷот, сабзавот, маҳсулоти саноатӣ ва намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанидӯзӣ, кулолгарӣ, заргарӣ ва дигар маҳсулоти дастӣ, инчунин, дар гӯшаҳои гуногуни боғ намунаҳои таомҳои миллии хоси ин минтақаҳо шинос гарданд. Инчунин рангорангии сӯзаниҳо, маҳсули дасти кулолгарону косибон ва омода ва пешниҳоди таомҳои миллӣ диққати ҳар як иштирокчиро ба худ ҷалб мекунад.
Ин чорабинии фарҳангӣ тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, моҳҳои июн-августи соли равон тибқи нақшаи алоҳида гузаронида мешаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд






