ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР СОҲАИ ТИБ. Марҳалаи нави муаррифии саҳми тоҷикон дар рушди илми ҷаҳонӣ оғоз гардид

Июнь 1, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 01.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» аз 23 майи соли 2026 ва бар асоси эътирофи дастовардҳои бузурги ин нобиғаи илм дар соҳаи тиб таъсис додани ҷоиза ва фонди байналмилалии Абуалӣ ибни Сино намунаи олии арҷгузорӣ ба саҳми ин фарзанди бузурги миллати тоҷик дар соҳаи тандурустӣ ва рушди илми тиб дар арсаи ҷаҳон арзёбӣ мегардад.

– Бо ин иқдом марҳалаи нави муаррифии мактаби илми тибби тоҷик ва саҳми тоҷикон дар рушди илми ҷаҳонӣ оғоз гардида, он на танҳо барои таблиғи мероси гаронбаҳои ин мутафаккири варзида ташаббуси нодир, балки механизми муҳими ҳавасмандсозии ҷомеаи илмии ҷаҳон барои рушди илми тиб ва ҳифзи тандурустии халқҳо дар тамоми олам ва густариши ҳамкории илмӣ ба шумор меравад.

Дар замони муосир, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳои нави экологӣ, биологӣ, эпидемиологӣ, бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, мушкилоти демографӣ, тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои вобаста ба амнияти минтақавӣ рӯ ба рӯ мебошад, таъсиси чунин ҷоиза аҳамияти хосса касб мекунад. Таҳқиқ ва омӯзиши осори фалсафӣ, тиббӣ ва илмҳои дигари Ибни Сино дар ин росто аҳамияти бузург дорад. Ва он дар Маркази синошиносии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови академия, ки баъд аз ҷашни рӯзи истиқлолият ва бузургдошти 1025-солагии Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино (соли 2005) бо супориши Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти тағйироти куллие, ки баъди истиқрори сулҳу субот дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангии ҷомеаи тоҷик рух дод, барои рушду омӯзиши бештари осори илмӣ заминаи мусоид фароҳам намуд. Аз ҷумла, ба табъ расидани осори тиббии Ибни Сино ва бавижа «Ал-Қонун фи-т-тиб» дар бозбинии мероси маънавӣ ва худшиносии миллии тоҷикон ва рушди тафаккури миллии онҳо саҳми арзанда мегузорад.

Бояд гуфт, ки соҳаи тандурустӣ дар ҷумҳурии мо яке аз самтҳои стратегии рушди давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои таъмини солимии аҳолии он заминаҳои устувор гузошта шудаанд.

Ба ғайр аз таҳқиқоти илмие, ки дар Маркази синошиносӣ ва инчунин дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино ва муассисаҳои дигари илмию таҳқиқотӣ анҷом гирифтаанд, дар Тоҷикистон бунёд ёфтани донишгоҳҳо ва техникумҳою литсейҳои тиббӣ, корхонаҳои дорусозӣ, шифохонаҳо ва дармонгоҳҳо, сохтмону таҷдиди муассисаҳои дигари тиббӣ, ворид намудани технологияҳои муосири ташхисиву табобатӣ, аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки барои баланд гардидани сифати хизматрасонии тиббӣ замина фароҳам оварда, далели ин гуфтаҳо ва натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Омӯзиши осори Ибни Сино ва дар амал татбиқ намудани он аз тариқи ин муассиса ва корхонаҳо на танҳо ба мо кумак мерасонад, ки арзишҳои таърихии ниёконамонро дарк кунем, балки он ҳамчунин ба рушди огоҳии экологӣ, беҳсозии меъёрҳои ахлоқӣ ва асосҳои методологии илм мусоидат намуда, барои дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани онҳо хизмат хоҳад кард. Аз ин ҷост, ки иқдоми Пешвои муаззами миллат дар таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб ҳамчун тадбири дурандешона ва саривақтӣ арзёбӣ мешавад.

Абуалӣ ибни Сино, ки дар давлатҳои Ғарб бо номи Авитсенна машҳур мебошад, давоми умри 57-солааш аз худ дар илмҳои гуногун асарҳои нодир боқӣ гузоштааст. Осори ӯ гуногун буда, аз рисолаҳои мухтасар то асарҳои чандинҷилдаро ташкил медиҳанд. Ин асарҳо дар инкишоф ва такмили илмҳои мавҷуда нақши сазовор гузошта, то кунун арзиши бузурги таърихӣ, маданӣ ва илмӣ доранд. Аз ҷумла, китоби «Ал-Қонун», ки ба забони арабӣ таълиф шудааст, ба забонҳои лотинӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, англисӣ, форсӣ ва урду тарҷума шудааст. «Ал-Қонун» тақрибан 800 сол дар Ғарб як китоби арзишманд ва асосии тиббӣ буд. Дар ин асар масъалаҳои физиология, патогенез, ташхис, пешгирӣ, дорушиносӣ, гигиена, эпидемиология ва реабилитатсияи беморон бо услуби илмӣ таҳлил гардидаанд.

Таълимоти ӯ дар бораи хунбарорӣ, ҷарроҳии сангбурӣ, трахеотомия, табобати захмҳо ва ҷароҳатҳо, дар табобати захмҳо аз истифодаи шаробҳои махсус, усули тиббии ӯ дар бораи ба ҷояш бозгузоштани баромадагии китф муддати тулонӣ маъмул буданд.

Ибни Сино ҳангоми ҷарроҳии чашм катетери чандири аз пӯсти ҳайвонот сохташударо истифода мебурд ва ҳамчун мавод барои дӯхтан мӯи борики занонаро тавсия медод. Машваратҳои Абуалӣ ибни Сино дар бораи чӣ гуна барвақт муайян кардани навъҳои бадсифат, буридани васеъ ва сӯзондан ҷолибанд. Мутафаккир ақидаҳои демонологиро дар бораи сабаби бемориҳои асаб ва руҳӣ рад карда, менингитро ҳамчун бемории махсус тавсиф ва қайд кардааст, ки ҳангоми бемориҳои шадиди табларза психоз инкишоф ёфта метавонад, аз ҳама зараровар барои бемор ин тарс аст ва мусиқиро ҳамчун воситаи табобат тавсия додааст ва усулҳои дигари табобат дар бораи пешгирӣ ва табобати бемориҳо, риояи беҳдошт, ғизои солим ва муътадилии тарзи ҳаёт имрӯз низ аҳамияти амалӣ доранд.

Ибни Сино тибро аз фалсафа (ё баръакс) ҷудо накардааст ва қобили гуфтан аст, ки асари бузурги фалсафиашро «Аш-Шифо», яъне «халосӣ ё наҷот аз беморӣ» номидааст. Дар он масъалаҳои таносуби нафс ва ҷисм, олами маънавӣ ва ҷисмонӣ ва амсоли онҳо ҷавҳари фалсафа ва мантиқи Ибни Синоро ташаккул медоданд, ки бар пояи онҳо саломатӣ ва ҳифзи сиҳати ӯ натиҷаи ҳамоҳангии қувваҳои ҷисмонӣ ва руҳӣ маънидод ёфта, беморӣ натиҷаи халалдор шудани тавозуни онҳо мебошад. Ӯ бар ин назар буд, ки пешгирии беморӣ муҳимтар аз табобати он аст. Ба маънои дигар, Ибни Сино саломатиро на танҳо аз ҷиҳати ҷисмонӣ, балки ҳамчун ҳолати мутаносиби руҳонию маънавӣ низ шарҳ додааст. Ӯ инчунин ба таъсири муҳити зист ба инсони дар ҳолати саломатӣ ва беморӣ қароргирифта ишора мекунад.

Ин ва масоили дигари вобаста ба инсон ва ҳифзи сиҳати ӯ шуҳрати «Аш-Шифо»-ро хеле зуд аз домани ҳавзаҳои илмии Шарқ берун кашида, дар донишгоҳҳо ва марказҳои таҳқиқотӣ-илмии Ғарб густариш дод. Ҳанӯз як аср аз вафоти Ибни Сино нагузашта буд, ки тарҷумаҳои қисмате аз «Аш-Шифо» оғоз ёфта, бо суръати васеъ дар ҳавзаҳои илмӣ ва фалсафии Аврупо роҳ ёфт. Ҳамин нуфузи бузурги вай буд, ки дар аввалҳои қарни ХШ мактаби синошиносии аврупоӣ комилан чеҳраи худро намоён сохт ва бузургоне, чун Роҷер Бекон ва Алберти Кабир ба осори илмии Ибни Сино таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Бузургони дигаре, аз қабили Гиюллам де-Айверҷӣ (Cuilanm dе Anverdge) ва Фомаи Аквинӣ аз тарси нуфузи осору таълифоти Ибни Сино ба радди нуқсонҳои онҳо даст заданд. Ин нишонаи таъсири амиқи андешаҳои мутафаккир дар ҳаракати фикрии густурдаи донишмандони дин ва фалсафаи схоластикӣ дар авҷи тараққӣ ва пешрафти худ қарор гирифта буд.

Маҳз ҳамин арзишҳои илмӣ ва инсонгароёна боис гардиданд, ки Тоҷикистон ҳамчун вориси воқеии ин тамаддуни бузург ташаббуси таъсиси ҷоизаи байналмилалиро ба роҳ монд. Ин иқдом бори дигар собит месозад, ки давлати тоҷикон таҳти сарварии Пешвои миллат ба рушди илм, бахусус соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд ва дар ҳамин замина таъсис ёфтани Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб идомаи мантиқии сиёсати хирадмандона дар тамоми соҳаҳо арзёбӣ мегардад, ки он ба омили муҳими байналмилалии таҳқиқи осори тиббии Ибни Сино, табодули таҷриба, муаррифии дастовардҳои илмӣ, рушди таҳқиқоти бунёдии тиббӣ ва таҳкими ҳамкории илмӣ табдил меёбад.

Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА,
президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик

Июнь 1, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

СИРИШТИ СИНОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб
Дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» 114 нафар иштирок намуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН. Падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак чӣ уҳдадорӣ ва ҳуқуқ доранд?
Ҳамгироии илм — давлат — ҳуқуқ: се рукни асосии устувории амнияти миллӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зардолу фаъолияти зеҳнӣ ва хотираро беҳтар мекунад
ХИРАДЕ, КИ МИЛЛАТРО НАҶОТ ДОД! Формулаи сулҳи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва акси садои он дар арсаи ҷаҳон
Дар мавзуи «Низоми муносибатҳои байналмилалӣ дар вазъи имрӯзаи бисёрқутба» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Парҳез беҳтарин воситаи пешгирии бемории диабети қанд мебошад
Муколамаи миллӣ дар мавзуи «Арзёбии хатари хушксолӣ ва устувории он дар Осиёи Марказӣ» баргузор шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати расмии стратегияи рушди иқтисодӣ дар идоракунии давлатӣ нақши хос дорад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРТОШКА. Ин зироат аз ҳисоби ҳаҷми умумии истеҳсол дар ҷаҳон ҷои сеюмро ишғол менамояд
ЗЕБОИҲОИ НОТАКРОРИ ТАБИАТИ ДАРАИ СИЁМА. Он қалби иштирокдорони Конфронси чоруми сатҳи баланди оби Душанберо тасхир намуд