Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд

Июнь 1, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 01.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд бо ғолибон ва ҷоизадорони Чемпионати Осиё оид ба бокс байни наврасон вохӯрӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки Чемпионати Осиё оид ба бокс байни наврасон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуда, дар он чор нафар варзишгари тоҷик байни муштзанҳои то синни 17-сола ба гирифтани медал мушарраф гардиданд.

Беҳрӯз Умаров (54 кг) ва Анушервон Сидиқов (46 кг) унвони қаҳрамониро ба даст оварда, соҳиби медалҳои тилло гардиданд. Муҳаммадҷон Сулаймонов (58 кг) ва Азизахон Бобоҷонова (52 кг) медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Гуфта шуд, ки дар вилоят барои рушди ин намуди варзиш тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Федератсияи бокси вилоят заминаи моддию техникӣ таҳким ёфта, шароити тамрину рақобат беҳтар мегардад.

Барои омода намудани варзишгарони болаёқат дар вилоят имкониятҳо бештар фароҳам оварда мешаванд. Дар Чемпионати Осиё оид ба бокс байни наврасон дар шаҳри Тошканд ғолибият ба даст овардани варзишгарони тоҷик низ натиҷаи ҳамин чораҷӯиҳо мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 1, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид